Аз торикӣ ба зулмот

Ҳанӯз дар давраи фаъолияти ҲНИТ як гурӯҳ аз инсонҳои ба ном “ҷонфидои ватан” сухан аз боби ватандорӣ, эҳтироми он, ҳуввияти миллӣ аз минбарҳои баланд овоз баровардаву гом мезаданд, ки онҳо фидоии ин ватананд.

Солҳои фаъолияти кориам чун як масъули кор бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо узви фаъоли ин гурӯҳи бо ном “фидоии ватан” сари минбари сухан баҳсу мунозираҳои зиёде кардаам.

Мақсаду маром ва вазифагузориҳои ин ҳизби ба ном “созандаю ободкор” ба ғайр аз сиёҳкорию ҳадафҳои расидан ба минбари дастгоҳи марказӣ дигар чизе набуд.

Қаблан бо як нафаре, ки хуб мешинохтам ва чун аз боби ба кадом мақсад ба ин ҳизб шомил шуданро аз ӯ пурсон шудам, шарҳ дод, ки шавҳараш маҷбур карда, варна ман дар бораи мақсаду мароми ин ҳаракат чизеро намедонам.

Баъдан чун суханони он нафар ба ёдам омад, дар тасаввур рамаи гӯсфандонеро монд, ки аз паси чӯпони роҳгумкардае ба куҷое равонанд. Ва он чӯпон чун нақшаҳо ва ҳадафҳои худро аз сарчӯпоне, ки раҳгумзадааст мегирифт, оқибат он шуд, ки рама парокандаву маҳв гашт.

Ба назари ман, ақида ва ҳар масоили ҳалталаб танҳо бо фикру андешаи тоза, мароми ягона ва расидан ба ҳадафе, ки онро ном ваҳдат аст, расидан имконпазир аст.

Роҳ ба сӯи равшанӣ аз андешаи тозааст, вале чун ақоиди ин сиёҳдилон рӯ ба торикӣ буд, ба зулмат  охират ба анҷом ёфт.

Муовини раиси шаҳр:      Ҳасанзода Шаҳло

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *