20.09.2018 . Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ

        Санаи 20 сентябри соли равон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи Лангар вохӯрӣ баргузор гардид.

       Зимни суханронӣ масъулон роҷеъ ба омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, вазъи таълими ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳлили нафароне, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, ҳамчунин дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату якдилӣ, иҷрои корҳои ободонию созандагї дар њошияи таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ибрози назар карданд.

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *