06.10.2018. Пешвои заковатманду хирадманд!

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро сафари таьрихӣ ва корҳои анҷомдодашуда барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халк манфиатдор буда супоришҳои дар ҷараени сафари кори баён гардида барои рушди инфрасохтори ҷомеа ва соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатовар мебошад. Рушд ва тараққиет вақт ва замонро металабад ва мо итминони комил дорем бо ибтикори амалҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар ояндаи наздик ин минтақаи дури куҳистон бо ҳамаи мақсадҳои гузошташуда роҳи ҳалли худро меёбад. Дар таърихи башарият кам Миллатҳое ҳастанд, ки дар даврони фоҷеабору сарнавиштсоз чунин Пешвои заковатманду хирадманд, рушанфикру адолатпарвар ҷилави сарвариро ба даст гирифта Давлатро аз тангнои марг наҷот додааст ва ба ояндаи пуршукуҳ раҳнамои карда бошад.

Ҳамаи он супоришҳое, ки баҳри пешрафти шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон зимни сафари кориашон ба ВМКБ дода шуд алакай аз ҷониби мардуми шарафманди ин вилоят дар ҳоли дастгирӣ ва иҷро қарор дорад. Мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро дастгири намуда барои ояндаи дурахшони ватани азизамон Тоҷикистон кушиш менамоянд.

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *