Роғун-калиди фатҳ, бахту саодат ва омили рушди иқтисодиёти кишвар аст!

Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, 10 июли соли 1972 оғози кор дар ин иншооти бузург шурӯъ гардида буд.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони корҳои сохтмонии бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ манъ гардида, мардуми шарафманди тољик ҳеҷ гумон надоштанд, ки ормонҳои дерина амалӣ хоҳанд гашт.

Хушбахтона бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати пурра расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо сарварии бевоситаи марди хирадманду дурандеш, хайрхоҳу бунёдкор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 ҷараёни корҳои анҷомдодашуда дар сохтмони бузург оғоз гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: ки «Муҳайё сохтани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад».

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин суханҳо моҳи апрели соли 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳои сохтмониро ба роҳ мондан, оид ба таъсиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО-и Роғун» қарор қабул намуда, дар ин замина сохтмончиёни боору номуси тоҷик шабонарӯзӣ баҳри бунёди неругоҳ заҳмат кашида истодаанд.

Боиси сарфарозист, ки маҳз бо талошҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи 18 ҳазор мардони бонангу номуси Ватан, ки бо нерӯи Рустамонаю бозуи Фарҳодӣ паҳлу ба паҳлу баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ рӯзу шаб дар сохтмони неругоҳ заҳмат кашида истодаанд, 16 ноябри соли равон бо ба истифода додани кори чархи якуми агрегати неругоҳи барқи обии Роғун оғози фатҳу фурӯғи нур дар Тоҷикистон гардида, самараи арақи ҷабини ин родмардон ифтихори ҳар шаҳрванди баномуси кишвар, алалхусус шаҳрвандон-мутахассисони варзидаи шаҳри Норак, ки дар сохтмони неругоҳ бевосита саҳми назаррас доранд, хоҳад буд.

Роғун манбаи нур, ахтари ҳамешатобони Тоҷикистон, ояндаи дурахшони сарзамини тоҷикон буда, сохтмони он корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби ваҳдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист.

Бо боварии комил мегӯем, ки мо, мардуми сарбаланди ин кишвари маҳбуб бо иродаи қавӣ муттаҳид гардида, баҳри пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмонии ин иншооти бузурги аср саҳм хоҳем гузошт.

Чункӣ, Роғун-калиди фатҳ, бахту саодат ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистони азиз аст!

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи                                              дастгоҳи раиси шаҳри Норак Солиҳова Нигора

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *