Баистифодадиҳии НБО-Роғун умри НБО-и Норакро садсолаҳо дароз мекунад.

                Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар таърихи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як рӯйдоди муҳим, як воқеаи таърихӣ, яъне ба истифода додани аввалин чархи НБО-и Роғун ба вуқӯъ пайваст.

Дар фазои сулҳу суботи комил, дӯстию якдилии хурду бузурги миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тугмаи нухусти чархи иншооти муҳим ба қавле «ҳаёту мамоти мо» пахш гардид.

Бале, бо умеду ормонҳои зиёд мо ин рӯйдодро интизор будем. Зеро бо истифода додани НБО-и Роғун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари соҳибистиқлоли мо амалӣ мегардад. Дар натиҷа Тоҷикистон ба кишвари интиқолкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Гузашта аз ин, баистифодадиҳии НБО-Роғун умри НБО-и Норакро садсолаҳо дароз мекунад.

Як заминаи амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гардида, садҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуду ҳазорҳо ҷойҳои кории нав.

Илова бар ин, соҳаи кишоварзӣ рушд намуда, садҳо га заминҳои нав обёрӣ карда хоҳанд шуду ба ин васила ҳадафи дигари кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ иҷро мегардад.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ҷаҳони муосир соҳаи сайёҳӣ дар таъмини иқтисоди кишварҳо нақши муассир дорад.

Итминон дорам, ки НБО-и Роғун дар ҷаҳони муассир муаррифкунандаи матонату ҷасорат, азму бозуи сохтмончиёни тоҷик гардида, ҳазорон меҳмонони дохилию хориҷӣ аз он дидан хоҳанд намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Ҳ. Сафаров

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *