Вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Норак

Маълумотнома

оид ба вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф,фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, имомхатибон, нозирони минтақавӣ ва фаъолон

Санаи 23 ноябри соли 2018

Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 11 августи соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбии вируси норасоии масунияти одам санаи 23 ноябри соли 2018 дар толори беморхонаи марказӣ вохӯрӣ доир гардида истодааст.

Дар ҷамъомад Сафаров Шодӣ Азизович- сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Саидов Илёсиддин Раҳмонқулович- директори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон, Худойбердиев Ҳаким Кучарович-директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилоят, Мирзоева Райҳона Имомалиевна — директори маркази солимии репродуктивӣ дар вилоят, Сафарова Ҳабиба -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ кормандони  мақомоти иҷроия, директорони марказҳои шаҳрӣ, фаъолонзанон, ҷавонон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Баромадкунандагон зимни суханрониҳо вобаста ба кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ВНМН, пайдоиши беморӣ, вазъи бемории ВНМО дар вилоят ва шаҳри Норак, роҳҳои пешгирии беморӣ, гурӯҳҳои осебпазир, аҳамияти ташхиси тиббӣ барои навхонадон, инчунин барои муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози назар намуда, аз аҳли ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри солимии миллату ҷомеа ба кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамкор бошанд. Зеро пешгирӣ аз табобат беҳтар буда, саломатии ҳар шахс дар дасти худаш аст.

Дар фарҷом меҳмонон ҳозиронро ба таҳлили яке аз санаҳои муҳим, яъне Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Ҳ. Сафарова

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *