Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем!

Расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷи кишвар оид ба номусоид будани вазъи кунунӣ дар Бадахшон маълумот доданд. Инчунин, барои даъват намудани махсусан ҷавонон ва инчунин бо мақсади даъват намудани бадахшониёни ватандӯсту ватанпарвар ба ҳамкорӣ баҳри пойдор намудани сулҳ мактубҳои муроҷиатии дӯстона аз ҳар канори кишвар равона карда шуданд. Аз ин мактубҳо бармеояд, ки вазъи имрӯзаи ВМКБ номусоид буда, дар он ҷо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди доимоамалкунандаи байниидоравӣ барои ба танзим даровардани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии вилоят ташкил карда шудааст. Пешвои миллат мақомотҳои дахлдорро вазифагузорӣ намуданд, ки вазъи ҷинояткорӣ, ғайриқонунӣ истифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ доштаро зери назорати қатъии худ гиранд ва барои бартараф намудани ин ҳодисаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамин тавр, дар Бадахшон Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҷаласаи якмоҳинаи ин ситод санаи 19.10.2018 тавассути телевизиони якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур шунида шуд.

Аз ҳисоботи Саймумин Ятимов бармеояд, ки дар тарбияи наврасон ва ҷавонон камбудиҳои зиёд ба монанди истифодабарии силоҳи оташфишон махсусан дар шаҳри Хоруғ рӯ ба авҷ аст. Инчунин, айни замон ба ҳар сари аҳолӣ рост омадани зуҳуроти нашъамандӣ, нигоҳ доштан ва ба худ гирифтани қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ҳамчун намунаи манфӣ муаррифӣ мегардад. Қайд карда шуд, дар ин минтақа 26 шаклҳои гурӯҳҳои зиддидавлатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа мавҷуд буда, вокунишу норизогиҳоро нисбати фаъолияти имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ байни мардум паҳн намудаанд. Сад афсӯс, ки ҷавонони иродаашон паст тез ба ин гурӯҳҳо пайваст шуда, супоришҳои ононро иҷро намуда, ба содир намудани ҷинояти вазнин даст мезанад, ки онҳо бо ин гуна амалиёт онҳо ҳаёти худ ва аҳли оилаи худро зери хавф мегузоранд. Мо ба фикри Раиси ситод генерал-полковник Саймумин Ятимов пайравӣ намуда, ба хулоса омадем, ки ин гуна рафтори “душманони” мардуми Хоруғзамин дар ин минтақа дастовардҳои замони истиқлолиятро дар Бадахшони номдор ба сифр оварда мерасонад. Хурсандиовар он аст, ки ҷинояткорони ин минтақа аз тарафи мақомотҳои дахлдор дастгирӣ карда шудаанд ва ба онҳо ҷазои зарурӣ таъин гаштаанд. Яъне, ба ин шахсони роҳгумкарда гуфтанием, ки дар мамлакати мо амнияти осудаҳолонаи мардум дар зери назорати доимии Ҳукумати кишвар мебошад ва онҳо заррае ба ноором гаштани Тоҷикистон зиён расонида наметавонанд..

Аз мардум ва махсусан наврасону ҷавонони Бадахшон талаб менамоем, ки аз дастгирӣ ва ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои зиддидавлатии ғояи ғаразнокдошта ва аз истеъмоли маводи мухаддир худдорӣ намоянд ва ба ҷои ин намояндаи нексиришти кишвар гарданд.

Кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ниёз дорад. Маҳз бо меҳнати фидокорона халқи тоҷик номи миллати худро чун кӯҳҳои баланди Помир баланд бардошта метавонад. Ҷавонони Бадахшонро ба он даъватменамоем, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, ҳамагон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Таърих гувоҳ аст

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таасуб,

Бар фарқи саре найзаву ханҷар накашидаст….

Ҳамин аст ҳақиқати таърихӣ, аммо мардуми соҳибназари мо бо адабиёту шеъри оламгир, асарҳои арзишманду беназирашон дилу андешаи мардумони заковатманди оламро тасхир намудаанд. Миллати тоҷик намунаи олии эҳтирому одоби башарист, ки дар гуфтору навиштаҳои бузургтарин файласуфону суханварон, таърихнигорону ҷуғрофидонон ин нукта таъкид шудааст.

Ҳимоя ва пуштибонии ҳамин арзишҳои баланди маънавӣ рисолати таърихии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвари азизамон мебошад, зеро дӯстдорӣ ва парастиши ватан муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад. Аммо боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи мо як гуруҳ инсонҳое дучор мешаванд, ки ба қадри ҳамингуна арзишҳо намерасанд, оромиву суботро халалдор месозанд ва андеша намекунанд, ки “ ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр, зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад …”

Ҳамингуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тайи чандин солиёни дароз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият доштанд, ки 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад.

Ҳимояту дӯстдории марзу бум қарзи фарзандии ҳар сокини Тоҷикистони азиз буда, мо вазифадорем, ки ватани биҳиштосоямонро мисли гавҳараки чашмамон муҳофизат намоем. Аз ин рӯ кирдорҳои ҳамингуна гуруҳҳои ҷиноятпешаро маҳкум намуда, аз ҳамингуна саркардагону пайравонашон талаб менамоем, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд ва ба номи бузургтарину садоқатмандтарин фарзандони Боми ҷаҳон иснод наоваранд ва аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *