Маълумотнома

Маълумотнома

оид ба вохўриҳои гурўҳи таблиғотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон бо сокинони шаҳри Норак

Бо мақсади ба сокинони шаҳр расонидани муҳтаво ва мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аз ҷониби намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи шаҳр рўзҳои 8-10 январи соли ҷори бо сокинони деҳаҳои Кибилу Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, инчунин Хучалони, Гули Сурх, Кишнова, Кулони Боло, Навде, Туғмазор ва Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дўкони суҳбату вохўриҳо баргузор гардиданд, ки дар ин вохўриҳо зиёда аз 440 нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ба ҳайати гурўҳи кори Тағозода А. — судяи Суди Оли, Аланазарзода Шароф- судяи Суди Оли, Азиззода Х.-сармутахассиси Суди Оли, Ҳасанзода Ш. Ҳ.- муовини раиси шаҳр, Сафарова Ҳ. — мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, Расулова С. — мудири бахши

кор бо занон ва оила, Ваҳҳобов Ҷ.-мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сиддиқова А.-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, Зиёев М.- намояндаи Суди шаҳр шомил буда, масъулон зимни суханрони роҷеъ ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, инчунин дастоварҳои соли 2018, аз ҷумла оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тољикистон дар соҳаи об-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид; мавриди баҳрабардори қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср НБО-Роғун ва ҳалли масъалаҳои дар тўли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисоди ва тиҷорати бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад намуданд.

Диққати ҳозиронро ба иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон матраҳгардида ҷалб намуда, аз ҳозирон даъват ба амал оварданд, ки тамоми саъю кўшиши хешро ба ободонию бунёдкори равона намоянд. Дар баробари ин, баҳри волоияти қонун, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, таъмини тартиботи ҷамъияти, дар рўҳияи илмомўзи, ифтихори ватандори, ҳуввияти милли тарбия намудани фарзандон, ҳамзамон пешгирии содиршавии љиноятњои хусусияти экстремистї-террористидошта, коррупсиони саҳмгузор буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт ҳамкори намояд.

Мудири

шуъбаи рушди иҷтимои ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Ҳ. Сафарова

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *