Нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО

ҲИСОБОТИ

раиси  шаҳри Норак  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди  иқтисодию иҷтимоии  шаҳр  дар  соли 2018 дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар   соли 2018 тамоми кушишу ғайрати худро бахри иҷрои фармону карорхои Президенти Чумхурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, карорҳои Маҷлиси вакилони халки вилоят, раиси вилояти Хатлон, карорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои  назаррас  ноил гардид.

Ба шарофати пойдории истиқлолият, сулху оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар хама бахшҳои хоҷагии халқи шаҳр давра ба давра пешравию дигаргунихои назаррас ба амал омада истодааст.

Ба  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шахри Норак дар соли 2018 аз Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо  351 адад мактуб ворид гардида, ҷиҳати ичрои онхо тадбирҳо андешида шуда,  дар мухлатҳои муайянгардида аз натиҷаи корҳои анчомдодашуда ба мақомотҳои дахлдор маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.

  Аз мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон 58 адад қарор,  1335 адад мактуб ворид гардида, аз 58 адад қарори  раиси вилояти Хатлон ба 55 ададаш қарори раиси шахр қабул  гардида, мувофиқи  супоришҳо  оид ба иҷрои  онхо   маълумотнома   пешниҳод гардидааст. Бинобар сабаби ба шахр тааллуқ надоштан 3 адад ба маълумот гирифта шуд.  Умуман, дар  соли 2018 ба Хукумати Чумхурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 1246  мактуб равон карда шудааст.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи  муроҷиатхои шахсони воқеӣ ва хуқуқ» ва дастуру супоришхои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон  аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои  зарурӣ амалӣ шуда, ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марбутаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд мебошад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  1983  муроҷиатҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ ва 39 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода шуд.

Дар давоми соли 2018 аз тарафи раиси шаҳр  расман 52 маротиба қабул гузаронида,  187 шаҳрванд қабул карда шуд. Ба ҳамин монанд ҳамарӯза шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

Дар   соли 2018  43 машварати ҳафтаинаи  назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки  барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб, ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр мусоидат намудаанд.

Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар асоси талаботњои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Дастур ва нақшаи корӣ ба роҳ монда шуда, дар   соли 2018  4 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр гузаронида, қарорҳои  дахлдор қабул  гардидааст.

Дар  доираи  иҷрои  лоиҳаҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии  шаҳри  Норак барои  солҳои  2016-2020»  дар  давоми соли 2018 дар шаҳр 32 лоиҳа ба маблағи 567,7 млн сомонӣ амалӣ гардида, 50 лоиҳаи дигар марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Мувофиқи маълумотҳо  даромади буҷети шаҳр дар    соли 2018 тибқи  нақшаи  тасдиқшуда  дар шаҳр  115,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 49,5 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда, 57,0 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати  нақша  7,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ин шумора  4,3 млн сомонӣ  андоз  аз роҳҳои автомобилгард  ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 109,1 фоиз  иҷро гардида, нисбати нақшаҳои  пешбинигардида  1,9  млн сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шуд.

Қисми хароҷот  99,8 фоиз таъмин гардида,  нақша бо тағйирот дар   соли  2018  41,9 млн сомонӣ  тасдиқ  шуда, аз ҳисоби  буҷет  дар ин давра 41,8 млн сомонӣ  маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, мақомоти  иҷроия  99,7 фоиз, маориф 100,0 фоиз, тандурустӣ  100,0 фоиз ва фарҳанг 99,7 фоиз  маблағҳои буҷетӣ равона карда шудааст.

Қарздорӣ  аз  андозҳо   ба ҳолати 1  декабри   соли 2018 2,8 млн  сомонӣ буда, нисбати  аввали  сол  847,02 ҳазор сомонӣ кам  гардидааст. Қарзи андози  иҷтимоӣ  аз ин шумора 645,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

         Аз тарафи филиалҳои бонкҳои дар шаҳр фаъолиятдошта ба шаҳрвандон 18,8 млн. сомонӣ қарзҳои  хурди  кӯтоҳмуддат, аз ҷумла  490 ҳазор сомониаш барои  рушду нумӯи  соҳаи кишоварзӣ ҷудо карда шудааст.  Аз хориҷи кишвар тавассути  бонкҳои дар шаҳр фаъолиятдошта 1,4 млрд рубли русӣ, 4,2 млн доллари амрикоӣ ва 41 828 ЭВРО ба шаҳр ворид гардидааст.

         Корхонаҳои саноатии шаҳр ба  маблағи 2,0 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати   соли гузашта 119,3 фоиз ё ин ки 324,7  млн  сомонӣ зиёд  мебошад.

Дар ин давра дар неругоҳҳои барқи обии Нораку   Бойғозӣ ба миқдори  13,0 млрд.кВ/соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст, ки  105 фоизро ташкил дода,  нисбати   соли 2017 621,0 млн.кВ/соат зиёд мебошад.

  Тибқи нақша  давоми соли 2018 дар шаҳр 11 ярмаркаҳои ҷойҳои нави кори  холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа барои корҷӯён 356 ҷойҳои нави  кори холӣ  ва  вазифаҳои озод пешниҳод гардида, 131 нафар ба  кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба омӯзиши касбҳои дӯзанда, пазандагӣ,  асосҳои омӯзиши кор дар компютер 763 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ҷалб карда шудаанд. Барои гирифтани  маблағҳои  имтиёзнок 39 нафар  шаҳрвандон ба шуъбаи  Агентии   меҳнат ва шуғли аҳолӣ  муроҷиат  намуда,  ба  онҳо  ба  маблағи 130 ҳазору 764  сомонӣ   дар  самтҳои   хизматрасонӣ, истеҳсолӣ  ва чорводорӣ ҷудо  карда шудааст.

Дар давоми соли 2018 аз шаҳр  2419 нафар шаҳрвандон  дар муҳоҷирати  меҳнатӣ  қарор  доштанд.

Аз тарафи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба масофаи 3592 м2 мумфарши яклухт ва 852 м2  роҳҳои дохилӣ ва ҷумҳуриявӣ таъмири ҷорӣ карда шуданд. Давоми моҳи декабри соли 2018 аз назди бинои ҶСК «НоракИБОсоз»  то майдони варзишӣ ба масофаи 580 метр роҳҳо мумқир карда шуда, корҳо идома доранд.

Дар  давоми  соли 2018 дар асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр 78 хонаи истиқоматии шахсӣ ба миқдори 18,7 ҳазор метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд, ки маблағи умумии он 11,3 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби  маблағҳои сармоягузорӣ ва  соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр 24  адад  иншоотҳои гуногун  ба маблағи  8,2  млн сомонӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Баҳри таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 22 майи соли 2018,№АП-1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  бо қарори раиси шаҳр 65 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда,   ҷиҳати назорати рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ се зергурӯҳи кории алоҳида аз ҳисоби  кормандону хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шуд.

Давоми соли 2018 бинои маъмурии шуъбаи муҳофизаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр,  2 адад майдончаи варзишӣ, айвонча барои бозии кӯдакон дар муассисаи томактабии №5, синфхонаи технологияи касбу ҳунар барои писарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, толори ошхона бо 50 ҷойи нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, бинои иловагии  таълимӣ  дорои  се  синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, як синфхона дар муассисаи таълимии №20  мавриди истифода қарор дода  шуданд.

Ба масоҳати 2,2 км ба деҳаи Олиҳгони Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ хати барқ кашида шуда, шаҳрвандон  бо хати барқ таъмин гардиданд. Инчунин дар деҳа 1 адад трансформатори 63 кВА насб карда шуд.

Санаи  3 декабри соли 2018 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдонҳои варзишии футболбозӣ, волейболбозӣ, баскетболбозии муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №17 бо тарҳу услуби замонавӣ, 2 синфхонаи иловагӣ  аз нав сохта шуда, ба истифода дода шуданд.

Бояд қайд  намуд, ки моҳи октябри соли 2018  дар  назди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз ҳисоби аҳолӣ сохтмони бинои иловагии таълимӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

         Дар соли 2018 аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ 18,6 миллион сомонӣ, корҳои сохтмонию васлгарӣ 16,1 миллион сомонӣ ва фондҳои асосӣ 16,7 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст. Соли сипаригардида  иҷрои корҳои сохтмонӣ-пудратӣ  ба маблағи  399,7 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати    соли гузашта 2 баробар   ё ин ки 210,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.

         Айни замон  корҳои сохтмонӣ, андованамоию рангуборкунӣ  дар  2 адад бинои 7-ошёна, 2 адад бинои 5-ошёна  босуръат идома дорад.

Корҳои таъмирӣ дар бинои толори варзишии замонавӣ ба анҷом расида, сохтмони майдончаи варзишии муосир дар кӯчаи Рӯдакӣ идома дорад.

Тибқи маълумотҳо   дар давоми соли 2018 шабакаҳои барқи шаҳр неруи барқро ба маблағи 12,9 млн. сомонӣ ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳои шаҳр фурӯхта, 11,2 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ  намудааст, ки  86,9 фоизро  ташкил  медиҳад. Қарздорӣ   аз  неруи барқ дар соли 2018  20 миллиону 948,5 ҳазор   сомониро ташкил  медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи гармхонаҳо” самти фаъолияташ кишоварзӣ буда, бинобар сабаби дуруст муайян нагардидани тарифи  истифодаи  маблағи  барқ  11 миллиону 247 ҳазору 532 сомониро  қарзи муассисаи мазкур ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2018  мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар шаҳр 204 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию ҳуқуқӣ, 2 адад хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 2 адад ҷамъияти  дорои  масъулияташ маҳдуд дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар давоми соли сипаришуда дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1439,5  тонна гӯшт (дар вазни  зинда), 1683,9  тонна шир, 19,3  тонна  пашм,  21,6 тонна  асал, 80 тонна моҳӣ ва 880,5 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуда, нисбати  соли гузашта истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва асал  зиёд гардидааст.

Дар майдони 1046 гектар  кишти зироатҳо гузаронида шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шуд.

Муассисаҳои таълимӣ 38 адад буда, соли 2018 дар   муассисаҳои таълимӣ  870 нафар омӯзгор ба  14437  нафар хонанда, ки аз ин шумора 7022 нафарашонро  духтарон  ташкил  медиҳанд, таълиму тарбия медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 628  нафарро занон     ташкил  медиҳанд.

Аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр соли 2018 тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар 88 нафар таҳсил намуда истодаанд.

Дар шаҳр 4 адад  боѓчаи бачагона бо фарогирии  624 нафар тифлакон ва 25  гурӯҳҳои марказҳои инкишофи  кӯдакони  синни томактабӣ бо фарогирии 415 нафар  амал карда истодаанд.

Соли 2018 муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрро 1021 нафар хонандагон хатм намуда, тариқи Маркази Миллии Тестӣ   524 нафар  хатмкунандагон  сазовори номи донишҷӯ гардиданд.

Тибқи Квотаи Президентӣ  18  нафар дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ,  35 нафар  дар муассисаҳои олии  хориҷи кишвар,  4 нафар бе Маркази Миллии Тестӣ,   160 нафар дар коллеҷҳои омӯзгорӣ,  тиббӣ, техникӣ, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва курсҳои кутоҳмуддат таҳсил намуда истодаанд.

Барои муассисаҳои таълимии шаҳр 22 адад компютер ва 1 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуд.

Дар  асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015,№433 “Дар  бораи  андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши  омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд” ва таҳсилоташон олӣ мебошад, ба 13 нафар омӯзгорони ҷавон 10% иловапулӣ аз 1 сентябри соли 2018 муайян гардида, ҷудо карда шуд.

Дар давоми соли 2018  4 муассисаи таълимӣ аз аттестатсияи  давлатӣ ва 1 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ  гузаронида шуда, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома ва шаҳодатнома дода шудааст.

         Соли 2018 фавтидагон   39  нафар  ба қайд гирифта шуда, нисбати соли гузашта 5 нафар кам мебошад. Фавти кўдакон 9 нафар ва фавти  калонсолон 30  нафар ќайд гардидааст.

Таваллуди  навзодон   1471  нафарро ташкил дода, нисбати   соли 2017  79  навзод кам мебошад.

Ба  муассисаи  КАТС  67236  нафар муроҷиат намуданд, ки ин нисбати   соли гузашта  3702 нафар зиёд  аст. Аз ин шумора бо сабаби  беморӣ 39738 нафар қабул гардиданд, ки ин  нисбати   соли гузашта 3137  нафар  кам  гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки маъмурияти беморхонаи марказии  шаҳри  Норак бо мақсади аз таъмири асосӣ баровардани бинои беморхона ва таъминот бо таҷҳизотҳои тиббӣ кӯшиш  намуда, аз тарафи лоиҳаи Бонки Рушди Исломӣ дар соли 2019 ба нақша  гирифта шудааст.

Дар шуъбаи Агентии суғурта ва нафақаи шаҳр ба ҳолати 1 январи соли 2019 4629 нафар  нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар давоми соли 2018 ба 457 нафар корманд рақами инфиродии суғуртавӣ дода шуда, 495 нафар ба нафақа таъмин гардиданд. Ба 490 нафар нафақахўрон маблағи андӯхти нафақавӣ (1%) ба маблағи 76 ҳазору 704  сомонӣ пардохт гардида, ба 92 нафар оилаҳои камбизоат 92000 сомонӣ кумакпулӣ барои дафн дода шудааст.

Дар шаҳр 1 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, 16 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 1 осорхона, 1 боғи марказӣ амал намуда истодаанд.

Чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ   дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шудаанд. Вобаста ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихию сиёсӣ чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардида, оид ба эҷодиёти шоирон маҳфилҳои адабӣ ташкил карда шуд. Кори клубу китобхонаҳои деҳот  нисбати солҳои  пеш намоёнтар аст.

Ҷавонон неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа буда, дар шаҳр 7 созмони ҷавонон дар назди корхонаву муассисаҳо фаъолият менамоянд.

Айни ҳол дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш фаъолият намуда, 18 нафар мураббиён дар 32 гурӯҳ 413 нафар наврасону ҷавонон, ки  аз  ин шумора 66 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, машқу тамрин меомӯзанд.

Варзишгарони шаҳр дар соли 2018 дар як қатор мусобиқаҳои кушоди вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 40 медали тилло, 36 медали нуқра, 54 медали  биринҷӣ,   ҷамъ 130 медал ба даст овардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 44 нафар ҷавонон 58 ҷиноят ба қайд гирифта шуда,   соли 2017 аз тарафи 36 нафар ҷавон 49 ҷиноят содир гардида буд. Аз ин шумора 6 ҷиноят аз ҳисоби ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Темурмалик ва Нуробод ба қайд гирифта шудаанд.

Дар шаҳр бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 3 комиссияи доимӣ ва 35 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон, 2  масҷиди ҷомеъ ва 51 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст ва онҳо муътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии  шаҳрвандонро қонеъ  мегардонанд.

Соли 2018 вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  4 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст. Дар соли 2018 дар шаҳр 975 ҷашну  маъракаҳо ба қайд  гирифта  шудааст.

Ҷамоатҳои деҳоти Дӯконӣ ва Пули Сангин  баҳри ба анҷом расонидани  корҳои ободонию кабудизоркунӣ, беҳдошти ҳифзи муҳити зист, бунёди боғҳои нав, сари вақт ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ, таъмири роҳҳо, пешгирӣ  намудани оқибатҳои офати табиӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар соли 2018  дар шањр 148 ҷиноят ба қайд  гирифта  шудааст,  ки 8 ҷиноят нисбати  соли 2017 зиёд мебошад.

Садамаи нақлиётӣ 5 адад ба қайд гирифта шуда, 10 адад нисбати соли 2017 кам  мебошад. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ 5 нафар ҳалок ва 6 нафар шаҳрвандон ҷароҳати ҷисмонии гуногун бардоштаанд.

Дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳру деҳот камбудию норасоиҳо ҷой дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баҳри ислоҳи онҳо дар   соли 2019 тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

Диққати асосӣ пеш аз ҳама ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра корҳо равона карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *