Нишасти матбуотӣ

Рӯзи 30 июли соли 2018, соати 0900 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки намояндагони ВАО  нишасти матбуотии раиси шаҳр Ҳурматзода Ф.   доир карда шуд.

Дар нишасти матбуотӣ муовини якум, муовин, роњҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю муассисаҳо аз ҷумла: директорони НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корхонаи маснуоти оҳану қир», ҶСК «Бофандаи Норак», филиали ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», ҶДММ «Дӯстӣ»,  маркази «Бонувон»,  сардорони Нозироти андоз, Раёсати молия, Агентии омор, шабакаҳои барқӣ, гурӯҳи татбиқи «Лоиҳаи партовҳои сахтӣ-маишӣ», идораи почта, муассисаҳои давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ», «Шуъбаи манзилию коммуналӣ  ва хоҷагидорӣ»-и назди мақомоти иҷроия,  манзилию коммуналӣ, маҷмааи гармхонаҳои шаҳр, нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, бахшҳои ҳифзи муҳити зист, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ,  Агентиҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа,   сартабиби беморхонаи марказӣ, менеҷери  шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сардухтури маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, эмомхатиб, мудири Филиали №08 Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», раисони ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дӯконӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр иштирок доштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма Файзалиев Темуршоҳ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Дилшод Назирмадов, хабарнигори  телевизиони «Варзиш», Раҳмонов Абдурасул,  хабарнигори телевизиони  «Тоҷикистон», Сафаров Назирмад, намояндаи телевизиони Хатлон, Саидов Азизулло, наворбардори телевизиони Хатлон,  Билоли Шамс, хабарнигори «Азия плюс», Маҳмудҷон Раҳматзода, хабарнигори радиои «Озодӣ», Эргашев Ашуралӣ, хабарнигори радиои «Хатлон», Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи «Пайк», Достиев Аслиддин, журналисти рӯзномаи «СССР»,  Рӯзимадов  Тоҳир, журналисти ҳафтаномаи «Фараж»  Мадаминов Фарҳод, хабарнигори рӯзномаи «Кулябская правда»,  Муродов Зафар, хабарнигори рӯзномаи «Новый Хатлон»,  Касиров Холназар, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  Раҳматалӣ Назрӣ, хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон»,  Эраҷи Қурбоналӣ, наворбардори телевизиони «Тоҷикистон»,  Амроқулзода Каримхон, хабарнигори телевизиони «Ҷаҳоннамо»,  Муҳаммадӣ Раҳим, наворбардори телевизиони «Ҷаҳоннамо»,  Ҳалимов Ғайбулло, хабарнигори рӯзномаи «Минбари халқ»,  Қайюмзода Шоҳрух, хабарнигори  телевизиони  Кӯлоб,  Нуруллозода Музаффар, наворбардори  телевизиони Кӯлоб,  Холмадзода Рӯзимад, хабарнигори телевизиони  «Варзиш»,  Мирзоев Ҳусейн, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Норак»,  Исломова Дарё, баррандаи радиои маҳаллӣ ва  Раҳмонова Шамсия, сармуҳаррири рӯзномаи «Рози дониш»  иштирок намуданд.

Сараввал раиси шаҳр оид ба ҳодисае, ки санаи 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Данғара-Кӯлоб ба вуқӯъ пайваста буд, нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус  шаҳр аз он ғамгинанд, ки ҷавонони гумроҳ бо амали нангину ноҷавонмардонаи худ, ки боиси коста гардонидани мавқеи кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, пойдории сулҳу субот, обрӯву нуфузи миллати куҳанбунёди сулҳпарвари тоҷик гардидааст, сокинони шаҳр ин амали нангинро маҳкум  сохта, татбиқкунандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот мебошанд.

Сипас оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр дар шаш моҳи аввали соли 2018 маълумот дода, сипас намояндагони васоити ахбори омма доир ба тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр аз ҷумла, рушди соҳаи саноат, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва ҷамъоварии қарзи неруи барқ, об,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ, масъалаҳои ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, рушди соҳаи варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва дигар масъалаҳои ҷалталаби соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр бо раиси шаҳр мусоҳиба доир намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Об авторе NORAK

mohliqob_97@mail.ru
Запись опубликована в рубрике Саҳифаи асосӣ. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *