Саноат

СОҲАИ САНОАТ

Номгӯи корхонаҳои шаҳр Воҳ. ченак соли 2017 соли

2016

фоиз
Истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ Ҳаз.сом 1683355,5 1362807,3 123,5
НБО-и «Норак» Ҳаз.сом 1346993,0 1077604,0 125,0
НБО-и «Бойғозӣ» Ҳаз.сом 264752,8 204423,9 129,5
ҶСП «КМОҚи Норак» Ҳаз.сом 446,6 1290,9 34,6
ҶСП «ЗТМ» Ҳаз.сом 28259,4 27928,4 101,2
ҶСК «Бофандаи Норак» Ҳаз.сом 731,0 377,5 193,1
Ташкилоти ЯС-3/8 Ҳаз.сом 749,2 506,6 147,9
ҶДММ «ЖБИ» Ҳаз.сом 210,3 1472,2 14,3
ҶСП «ЗТТМ» Ҳаз.сом 9283,8 8907,2 104,2
К/х «Дӯстӣ » Ҳаз.сом 80,7 162,1 49,2
филиали ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» Ҳаз.сом 4212,5 3931,6 107,1
ЉДММ «Фарухрӯз М» Ҳаз.сом 28,8
ҶДММ «Рушди манотиқи куҳистон» Ҳаз.сом 125,1
МД «Обҳои Нӯшокӣ ва коррезӣ» Ҳаз.сом 2204,0 1629,9 135,2
Фурӯши барқ Ҳаз.сом 9335,9 8221,2 113,6
Сектори хусусӣ Ҳаз.сом 9617,7 8432,2 114,1
ҶДММ «Сангреза» Ҳаз.сом 412,8 291,4 141,7
ҶДММ «Мавлак» Ҳаз.сом 6065,8 17474,3 34,7

         Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2017 ба  маблағи 1,7 млрд   сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  бо нархҳои муқоисавӣ 320,5 млн  сомонӣ зиёд,  ё ин ки  112,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

      Дар ин давра дар нерӯгоҳҳои барқи обии Нораку   Бойғозӣ ба миқдори 12,4 млрд.кв/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки  103,1 фоиз  ё  ин ки   нисбати ҳамин давраи соли гузашта 369,3 млн.кв/соат зиёд  мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли   маҳсулоти саноатӣ дар НБО-и Норак 25 фоиз, НБО-и Бойғозӣ 29,5 фоиз, ҶСП”ЗТМ” 1,2 фоиз, ҶСП”ЗТТМ”  4,2  фоиз, филиали ҶСК “ТОҷикгидромонтаж” 7,1 фоиз, ҶДММ “Сангрези Чашма” 42 фоиз қиёс  ба ҳамин давраи соли гузашта  суръати афзоиш зиёд гардидааст.

        МД «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ»-и шаҳри Норак таъминоти аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, нуқтаҳои хизматрасони бо оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои обҳои коррезиро ба уҳда дорад. Дар МД «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ»-и шаҳри Норак  122  нафар коргарон кор ва фаъолият менамояд,  ки  аз  ин  39 нафар  занҳо  ва  83  нафар  мардҳо мебошанд.  Корхона дорои ду  иншооти обтозакунии обҳои  нӯшокӣ, як адад иншооти обтозакунии обҳои коррезӣ, 5 дегхона , 6- истгоҳи обкаш,2 эл. бойлер мебошад.   Корхона иборат  аст аз: соҳаи таъминоти об, қитъаи андаруни хонаҳо ва гармидиҳӣ, хоҷагии хизматрасонии барқ, хизматрсонии танзимгарон, хоҷагии нақлиёт  ва  дастгоҳи идораи маъмурӣ.

       ҶСП «Заводи таъмири таҷрибави механикӣ» — Шаҳри Норак фаъолияти кории худро аз санаи 04.01.2010 шуруъ намуда, саҳмдори ягонаи он Раҳимов Н. М. мебошад. Миқдори кормандон 57 нафар мебошад, музди миёнаи коргарон 1273 сомониро ташкил медиҳад.Корхона бо НБО-и «Норак», НБО-и «Бойғозӣ», Сангтуда ва Беморхонаи марказии шаҳр ҳамкорӣ дорад. Корхонаи мазкур аз сехҳои кафшергарӣ, сехи харротӣ, сехи истеҳсоли оксигени техникӣ, сехи симтурбарорӣ, сехи болопуши оҳанини биноҳо ва сехи таъмиркунии мошинҳо иборат аст.