Сохтмон

         Соҳаи сохтмон дар шаҳр сол то сол тараққӣ   ёфта,  сохтмони биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонию савдо, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ    зиёд сохта шуда истодааст.                                                                                                             Дар шаҳр 18 адад корхонаю  ташкилотҳои сохтмонӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷумла Филиали ҶСП “Тоҷикгидроспетстрой” ,ҶДММ “Нурсоз”, ҶДММ “Миршох сохтмон”, ҶСП “ЗТМ”, ҶДММ “Фарроб”, ҶДММ “Сабран-2”, ҶДММ “Инвентор”, К/х “Бинокор”, ҶДММ Саманд сохтмон, ҶДММ Рушди манотиқи куҳистон, ҶДММ “Сайёд-2015”, ҶСП “КМОК-И Норак”, ҶДММ “Ориён сохтмон сервис”, ҶДММ “Каримиён” ва ғайра кору фаъолияти корхонаҳои мазкур дар НБО-Роғун рафта истодааст.                                                Корхонаҳои сохтмонии шаҳр  дар НБО-и Роғун ба корҳои пудратӣ –васлгарӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, истеҳсоли таҷҳизотҳои металӣ фаъолият менамояд.                     Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр 44  хонаи истиқоматӣ  ба миқдори 10719 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд, ки маблағи умумии он 6,4 млн  сомониро ташкил медиҳад.                                     Аз ҳисоби  буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон дар  6- моҳи соли 2018 12 адад  иншоотҳои гуногун  ба маблағи  6,2 млн сомонӣ  сохта ба истифода дода шуд.                   Сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, инчунин  бо саҳми соҳибкорон корҳои сохтмонӣ дар 15 адад  нуқтаҳои  савдо ва хизматрасонӣ   бо суръат  идома дорад.                                            Бо дастгирии  соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони ду майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва дар кӯчаи  Нурулло Шулашов воқеъ дар  минтақаи манзилии №3 оғоз гардида, майдончаҳои варзишӣ дар кӯчаи  Нурулло Шулашов дар арафаи анҷомёбӣ ва дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Пули Сангин бошад  корҳои сохтмонӣ  бо суръат идома дорад. Дар шаҳру деҳот асосан фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ   баҳри ба анҷом расонидани сохтмони мактабҳо, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру барқарорсозии  кӯпрукҳо  ва ғайраҳо нигаронида шудааст.             Дар соли 2018 дар шаҳр 18 ташкилоти сохтмонӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 992 нафар кормандон фаъолият мекунанд.