Таърихи пайдоиши шахр

НОРАК ШАҲРИ ОРЗУҲО

          

Норак шаҳри барқчиёни тоҷик  дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад: ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое: ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд: интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.  Бо барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ: солҳои 20-30-юми асри ХХ дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди Нерӯгоҳи барқи обӣ мувофиқ будани  Норак таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд.

Маҳз бо ташаббуси сарвари ҳамонвақтаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1960 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қарор қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқи обии  Норак оғоз гардид Ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Тутқавул, Норак, Лангар ва Деҳи Сабур корҳои сохтмонӣ сар шуд. Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.

16 декабри соли 1960 дар асоси Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Норак дорои статуси шаҳр гардид, ки 22 декабри соли 2010   дар Рӯзи энергетикҳо 50-солагии шаҳр қайд карда шуд.

Дар шаҳри Норак аз рӯзҳои аввал, баробари сохтмони нерӯгоҳ сохтмону ба истифода додани манзилгоҳҳо, муассисаҳои табобатию иншоотҳои маданию маишӣ ва ободонию кабудизоркунӣ авҷ гирифт. Туфайли шанбегию ҳашарҳо ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда, кӯчаҳо, гулгашту хиёбонҳои ороста, клубу китобхона, кинотеатру меҳмонхона, хонаи маданият, мактабу боғчаҳо қомат рост карданд.

НБО-и Норак сохтмони умумииттифоқы эълон шуд ва аз тамоми гӯшаю канори кишвари Шӯравӣ бинокорону мутахассисон омаданд. Ин ҷо ба майдони корнамоӣ табдил ёфт. Солҳо муассисаву ташкилот, заводу фабрика, институтҳои тадқиқотию лоиҳакашии Иттиҳоди Шӯравӣ барои Норак хизмат мекарданд. Бунёди НБО-и Норак ва ҳамзамон шаҳри Норак ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти шӯравӣ буд. Ташрифи сарони ҳизбию ҳукуматии шӯравӣ, сафарҳои доимии роҳбарони ҷумҳурӣ  ба Норак далели ин гуфтаҳост. Натиҷа  ҳамин буд, ки дар соҳили руди зарнисори Вахш шаҳри зебои замонавӣ қомат рост кард.

Дар шаҳри Норак шакли нави ҳамкории иқтисодӣ- «Эстафетаи коргарӣ», ки сохтмон ва шаҳрро ба ҳама маводҳои  зарурӣ пурра  ва сари вақт таъмин мекард, тавлид ёфт. Ба шарофати он агрегати аввалини нерӯгоҳи барқи обии Норак пеш аз муҳлат 15 ноябри соли 1972 ба кор андохта шуд ва моҳи  декабри соли 1979 агрегати охирини нерӯгоҳ барои истеҳсоли қувваи барқи арзон ба истифода дода шуд. Дар  давоми   соли 2017  нерӯгоҳҳои барқи обии Нораку Бойғозӣ  12,4 млрд киловат соат қувваи барқ истеҳсол намудаанд?

Дар натиҷаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ  обанбори Норак ба вуҷуд омад. Пур кардани обанбор соли 1972 сар шуд, ки масоҳати он 98 км.мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард м3, дарозиаш 70 км, бараш то 1 км, жарфияташ ба ҳисоби миёна 107 метр ва баландии сарбандаш 300 метрро ташкил медиҳад.

Сари вақт ба кор андохтани Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба истеҳсоли қувваи барқи арзон барои пешрафти саноати кишварамон заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон-заводи алюминии Турсунзода: комбинати кимиёии Ёвон ба кор даромаданд: ҳазорон гектар заминҳои бекорхобидаи Ёвону Данғара ба қитъаҳои сабзу хуррами ҳосилхез табдил ёфтанд.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 феврали соли 1996, №248 бо мақсади пурзӯр кардани роҳбарӣ ба сохтори хоҷагӣ, маишию маданӣ ва сохтмон аз ҳисоби ноҳияҳои Данғара, Кофарниҳон, Файзобод ва Ёвон ноҳияи Норак  ташкил карда  шуд, ки маркази маъмуриаш шаҳри Норак мебошад. Имрӯз дар шаҳр якҷоя бо ҷамоатҳои деҳот 59,1 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат дорад.

Шаҳр аз 44 маҳаллаю деҳа, ду ҷамоати деҳот ва чор минтақаҳои манзилӣ иборат мебошад. Дар шаҳр 15 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ, ҶСП «КМОҚ-и Норак»,ҶСП «Заводи таҷрибавӣ механикӣ», ҶСП «Заводи таъмирию таҷрибавӣ механикӣ», ҶСК «Бофандаи Норак», ҶДММ «ЖБИ» ва ғайраҳо фаъолият мекунанд.

Имрӯз дар шаҳр 38 муассисаҳои таълимӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ,  мактабҳои мусиқию рассомӣ ва чор боғчаи бачаҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Беморхонаю дармонгоҳи замонавӣ, се маркази саломатии деҳот, 13 бунгоҳҳои тиббӣ, 27 дорухона дар хизмати мизоҷон қарор доранд.

Шаҳрвандон имконият доранд, ки фароғати худро дар варзишгоҳ (дорои 1500 ҷой), 8 толори варзишӣ, 1 ҳавзи оббозӣ, Қасри фарҳанг (дорои 550 ҷой), 7 клуб, китобхонаи марказӣ  (бо ташаббуси маҳаллаи «Дружба народов» соли 1974 ташкил ёфта, дорои 183586  нусха китоб мебошад) гузаронанд. Ҳамчунин 16 китобхонаи деҳот дар хизмати мардум аст. Ду терминали хизматрасонии нақлиётии хусусӣ, 1 нуқтаи алоқаи ҳозиразамони дорои 5024 нуқтаи телефон дар хизмати аҳолист.

Шаҳри Норак дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, масоҳаташ зиёда аз 394,5 км мураббаъро ташкил медиҳад. Аз Норак то пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 64 км ва то маркази вилояти Хатлон-шаҳри  130 км аст.

Аз байни куҳҳое, ки Норакро дар оғӯш гирифтаанд, куҳи Нор зеботарин ва баландтарин (1714 метр) мебошад.

Умуман: шаҳри Норакро зиёда аз 40 миллати собиқ Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ сохтаанд ва имрӯз аксарияти ин миллатҳо дар шаёр кор ва зиндагӣ менамоянд.

Аз ин хотир, мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардад ва хоҳони он аст, ки ваҳдату дӯстӣ ҳамеша пойдор бошад.