Таърихи  8  сентябр  майдони  марказии  шаҳр идона оро дода шуда, ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 24-умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал раиси шаҳр Ҳурматзода Ф. З. ва муовини раиси вилояти Хатлон  Раҷабов  Р. ҳозиронро  бо ин санаи таърихӣ табрик намуда,  18 нафар фаъолони шаҳр бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Баъдан намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандони бахши фарҳанг  бо  номи «Истиқлол» тараннуми ваҳдату дўстӣ, соҳибистиқлолӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳозирон пешкаш карда шуд.

 

Барномаи рангини консертии санъаткорони  шаҳр чорабиниҳои ҷашниро ҳусни анҷом бахшид.