Ситоди  пешазинтихоботии  ҲХДТ ба  корҳои  таблиғотиву ташвиқотӣ  ҷиҳати расонидани муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба кор оғоз намуд.

 

Тибқи  реҷаи  тасдиқнамуда  Ситоди пешазинтихоботӣ ва гурӯҳи мобилии  назди  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ вазифадор  карда  шуданд, ки аз 19 январ то 27 феврали соли 2015  дар ҳудуди шаҳр ва қаламрави ҷамоатҳои деҳоти Дуконию Пули Сангин бо аҳолӣ, бахусус ҷавонону занон корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.    

 

Рӯзҳои 19 ва 20  январи  соли 2015  аъзоёни  ситоди  пешазинтихоботӣ ва гурӯҳи мобилӣ  дар ҷамоати деҳоти Дуконӣ дар маҳаллаҳои  Дуконӣ  1,2,3,4,  Сари  Гузари 1,2,3  ва   дар кӯчаҳои Яхпул, Ҳофиз, Сино, Баҳор, Гулистон, 40-солагии Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Пули Сангин вохӯриҳо доир намуданд.

 

 

Дар вохӯриҳо аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар шаҳр  оид ба дастовардҳои ҲХДТ,  татбиқи  сиёсати иҷтимоӣ, алалхусус шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, ҷавонон ва дигар паҳлуҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози назар намуданд.