Санаи 25 феврал дар мақомоти иҷроияи шаҳр машварати Шӯрои  ҳамоҳангсозии  Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мавзӯъҳои “Пешгирии бемории ботулизм”, “Мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон-шабушк” ва “Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он” доир  гардид.

Кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба ин масъалаҳо ақидаронӣ карда, иштирокчиёни дигари  ҷаласа фикру андешаҳои худро нисбати мавзӯъҳои дар боло зикркарда иброз дошта, оид ба сабабу пайдоиш ва пешгирии ин бемориҳо маслиҳатҳои муфид доданд.