Дар  шаҳри  Норак   маркази бонувон ифтитоҳ ёфт. Ба ин хотир дар шаҳр  ҷамъомад  баргузор   шуд, ки дар  он сафири Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон, раиси шаҳр, роҳбарони корхонаю муасисаҳо ширкат намуданд.

 

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳр кушода, хотирнишон сохт, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Занон ҳамчун  чароғи оила,  неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши  беҳтарин  анъанаҳои  миллӣ дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол нақши муҳим мебозанд.

 

 

Сафири  Ҷумҳурии  Ҷопон  дар  Тоҷикистон зимни  суханронии  хеш қайд кард, ки марказ барои касбомӯзии занон таъсис ёфта, аз ҳисоби маблағҳои  бебозгашти  Ҷумҳурии  Ҷопон  бунёд  гардид.