Нуҳими майи соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳр, роҳбарон, фаъолони корхонаю муассисаҳо дар майдони марказии шаҳр ба муносибати  солгарди 70-умини Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ ҷамъомади тантанавӣ, қадамзании  идона ва маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор гардид.

 


Майдони марказии шаҳр ба таври идона  ороста шуда, сараввал раиси шаҳр, комиссари Комиссариати  ҳарбии  шаҳр ва командири  қисми 52168 Федератсияи Руссия  ҳозиронро бо 70-солагии пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ муборакбод намуданд.

 


Чорабиниҳои  ҷашниро  барномаи  театрикунонидашуда, гузашти идонаи коргарони корхонаю муассисаҳои шаҳр бо намоиш додани лаҳзаҳои театрикунонидашуда, омодагии ҷавонон ба ҳимояи Ватан идома дод.


 

Барои  поси  хотири  қурбониёни ҷанг дар назди гулхани абадии муҷассамаи Аскари  номаълум аз ҷониби иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афсарони қисми низомии 52168 гулчанбарҳо гузошта шуд.