Ҳамасола тањҳи унвони Фестивали Ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону  наврасони Тоҷикистон аз 2 то 9 апрел рӯзҳои байналмилалии китоби кӯдакон дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

 

 

Мақсади  асосии чорабинии  мазкур  тарғиб  ва оммавӣ  гардонии хониш  дар  байни  кӯдакону наврасон,  ҷалб намудани  таваҷҷуҳи  насли  наврас  ба  китобу  хониш,   ташаккули  одат  ва  малакаҳои  хониш   мебошад.                                                           

 

 

Дар  шаҳр ҷашнвораи «Ҳафтаи китоби кӯдакону  наврасон» бо намоиши китоб ва маҳфили мутантани оммавию адабӣ оғоз ёфт. Кормандони  фарҳангу  маориф  дар  бораи  китоб  ҳамчун махзани илму дониш суханҳои пурҳикмат гуфта, хонандагон аз эҷодиёти шоирону  нависандагон  порчаҳо  қироат карданд.