8 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ бо баррасии як масъалаи асосӣ: «Натиҷаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2014 ва вазифаҳо дар соли 2015» баргузор гардид.

 

Раиси шаҳр оид ба бурду бохти иҷтимоию иқтисодии шаҳр тайи соли 2014 суханронӣ намуда, фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, ҳисоботи муовинони раиси шаҳр шунида шуд.