Сокинони Норакшаҳр  бо  риояи тамоми урфу одатҳои мардумӣ ҷашни бостонии Наврӯзро ҷашн гирифтанд.  

 

Макони  баргузории  чорабиниҳои  идона идона оро дода шуда, дар як гӯшаи майдон намоиши  ҳунаҳои  мардумӣ  ва  дастоварҳои  корхонаю  муассисаҳо  ба маъразӣ  тамошо  гузошта шуданд. Дар гӯшаи дигари майдон варзишгарон  ба  бозиҳои  варзишӣ машғул буданд.  Кормандони  минтақаҳои  манзилии  шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти  Дӯконию  Пули  Сангин  хони  идона  оростанд. 

 

Тантанаҳои ҷашн аз қабули меҳмонон дар даромадгоҳи варзишгоҳ оғоз ёфта, меҳмонон сараввал аз намоишгоҳ дидан намуданд.   Раиси шаҳр ва меҳмонон ҳозиронро бо фарорасии оғози кишту кор, ҷашни оғози  баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик  - Наврӯзи байналмилалӣ  табрику таҳният  гуфтанд.

 

 

Барномаи  театрикунонидашудаи  ҳунармандони  бахши  фарҳанг ва ҳунарманди  шинохтаи ҷумҳурӣ Шабнами Собирӣ ба чорабиниҳо шукуҳу таровати тоза бахшид.