Санаи 15 майи соли 2015  дар  толори  Қасри фарҳанг тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  бахшида  ба  Рӯзи  байналмилалии  оила  бо иштироки оилаҳои намунавӣ,  роҳбарон  ва  фаъолони  корхонаю  муассисаҳои  шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор  гардид.


Дар  даромадгоҳи  Қасри  фарҳанг  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ, аз қабили  гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қароқдӯзӣ, нонҳо  ва таомҳои миллӣ аз ҷониби  ҷамоатҳои  деҳоти  Дӯконию Пули Сангин, минтақаҳои  манзилӣ, неругоҳҳои  барқи обии  Нораку  Бойғозӣ,  шуъбаи  маориф  ба маърази тамошо гузошта шуданд.


Дар оғози чорабинӣ аҳли нишастро  раиси шаҳр бо Рӯзи оила  табрику муборакбод  гуфта, ба 8 ҷуфти  ғолиби  озмуни «Оилаи намунавӣ»   туҳфаҳои  хотиравӣ  тақдим  кард. Ҳамзамон тӯйи арӯсию домодии як ҷуфти навхонадорон  баргузор  гардида,  ба  як  нафар кӯдаки навзод  шаҳодатномаи таваллуд  супорида  шуд.


 

Сипас аз ҷониби кормандони бахши фарҳанг ва хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии №3-и шаҳр барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаши  ҳозирон  гардонида  шуд.