Дар толори Неругоҳи барқи обии Норак ва сохтори госпиталии шаҳр санаи 30 январ бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Гуфтугӯҳо аз нуктаҳои Пайми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон оғоз ёфтанд. «Нуқтаҳои алоҳидаи Паём ба фаъолияти кормандони соҳаи энергетика ва иҷтимоӣ дахлдоранд ва моро водор месозанд, ки барои амалӣ намудани онҳо содиқона саъю талош варзем».

 

Ҳамзамон дар ҷамъомадҳо таъкид гардид, ки мо бояд дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, бо меҳнати софдилона Ватанро обод намоем.