Дар доираи чорабиниҳо  ба  муносибати  «Ҳафтаи китоби кӯдакона» дар толори китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» ҳамоиши бошукӯҳ дар мавзӯи «Тарбияи фарзанд  масъулияти бузург аст» бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, кор бо занон ва оила, САҲШ бахшида ба Соли оила баргузор гардид.


Директори китобхона ҳамоишро оғоз намуда, оид ба Соли оила эълон кардани соли ҷорӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки  барои мо ҳифзи арзишҳи муқаддаси оиладорие, ки то имрӯз тоҷикон доштанд ва доранд ногузир аст.

 

Сипас китобдорон оид ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд    суханронӣ намуда, хонандагони гимназияи давлатии ба номи Абдуллоҳи Алӣ саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода, дар васфи Ватан тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебописандӣ, худшиноӣї, ифтихор аз Тоҷикистон суруду шеърҳо қироат намуданд.