Бо  мақсади  бузургдошти  як  гӯшаи  таърихии  диёр, баланд бардоштани  ифтихори  ватандорӣ дар  толори  китобхонаи  шаҳрии  ба  номи  «Дӯстии  халқҳо» конфронси илмӣ- амалӣ бахшида ба 3000-солагии  Ҳисори  шодмон   бо  иштироки  кормандони  мақомоти  иҷроияи шаҳр, хонандагону  омӯзгорони муассисаи   таълимии  №5 ва  китобдорон  доир  гардид.


Омӯзгорон оид ба тарзи ҳаёт ва анъанаҳои мардуми Ҳисор, маданияти тоҷикони водии Ҳисор сухан ронда, таъкид намуданд, ки таҷлили ин ҷашн ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии сокинон мусоидат хоҳад намуд.

 

Инчунин,  хонандагон  вобаста  ба  масъалаҳои  таърих, ҳифзи  арзишҳои фарҳанги  миллӣ, ҳунар  ва суннатҳои  сокинони  Ҳисор баромад намуда,  бо шеъру сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон  табъи  ҳозиронро  болида  гардониданд.