Баoри иҷрои  дастуру  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон ва  иҷрои  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» санаи 24 апрел дар варзишгоҳи шаҳр бо варзишгарон вохӯрӣ доир гардид.

 

Дар он кормандони шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок доштанд. Масъулон зимни суханронӣ доир ба пешгирии амалҳои номатлуб, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, ватанпарварӣ ва эҳтироми ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ тарбия намудани насли наврас суханронӣ намуданд.

 

Варзишгаронро таъкид намуданд, ки бо дастовардҳои назарраси варзишӣ Парчами Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон баланд бардоранд.