Рўзи  18 апрели  соли ҷори  дар толори  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Норак  бо   иштироки ҷавонон, занон ва  фаъолони корхонаю муассисаҳои  шаҳр   вохўрии  васеъ  баргузор  гардид.

 

Вохўрии  мазкур  панҷҷониба  буда,  бо ташаббуси  вазоратҳои маориф,  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои  ҷавонон, варзиш  ва  сайёҳи,  кор  бо  занон ва оила, оид ба корҳои дини назди Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ташкил  карда  шуда, ба мавзўъҳои пешгирии  омилҳои номатлуб  ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» бахшида шуд.

 

Баромадкунандагон  аз қабили Маҳбуба Азимова, Абдураҳмон Мавлонов, Бозорбой  Орипов, Гулизор Назарова   оид ба рафти қонунҳои амалкунанда дар ҷумҳури  ва пешгирии аҳли ҷомеа, алалхусус  наврасону  ҷавонон  ва  занон  аз   ҳодисаҳои  номатлуб  баромадҳои хотирмон намуданд. Тамоми  иштирокдорон  чорабиниро нек арзёби намуданд.