Дар доираи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва  ҷо ба ҷо гузории кадрҳои  роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои  2007-2016» машғулияти омӯзишии курси  «Занони роҳбар»  таҳти унвони  «Маъракаи пешазинтихоботӣ» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ зиёда  аз 20 нафар занони роҳбарикунанда ва фаъолони шаҳр иштирок намуда,  аз тарафи масъулон  дар  мавзӯи «Тарзи гузаронидани маъракаи интихоботӣ», «Варақҳои номзад бояд чӣ гуна бошад?» ва дигар мавзӯъҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.