Бо мақсади таъмини аҳолии деҳот бо оби нўшокӣ аз ҷониби Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ дар шарикӣ бо ҷамоати деҳоти Дўконӣ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак шабакаи оби нўшокӣ ба маблағи 55.000 доллари ИМА дар деҳаи Хоҷаабдолон сохта ба истифода дода шуд.

 

Шабакаи обгузар бо дарозии зиёда аз 7000 метр (диаметраш 63 мм) аз чашма ба деҳаи Хоҷаабдолон гузаронида шуда, резервуари ҳаҷмаш 10м кубӣ бо минтақаи санитарии панҷарагирифташуда гузошта шуда, 11 адад чоҳҳои тақсимкунанда таҷҳизонида шудааст, ки шабакаи дохилидеҳавӣ зиёда аз 11000 метрро ташкил медиҳанд.