Боғчаи бачагонаи №3, ки соли 1966 сохта ба истифода дода шуда буд, 120 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро мегирифт. Боғча чанд маротиба таъмири косметикӣ карда шуда, танҳо соли 2010 бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Замонат» ба маблағи умумии 891,9 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид гардида, тамоми ҳуҷраҳо пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ аз қабили  мизу курсӣ, ҷевон, 8 дона оинаи нилгун, 8 дона DVD, 8 дона кондинсионер ва бозичаҳои гуногуни ҳархела муҷаҳҳаз гардонида шуд. Маъмурияти боғча бо компютер ва дигар лавозимотҳо таъмин карда шуда, ҳамчунин 4 пешайвони замонавӣ барои 4 гурӯҳ бо симои зебои меъморӣ сохта ба истифода дода шуд. Баъди таъмири асосӣ 30 ҷойи хоби дигар зиёд карда шуда, айни замон дар ин тарбиятгоҳ 150 кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғчаи бачагонаи №6-ро низ бо чунин тартиб пурра аз таъмири асосӣ бароварда, барои 150 нафар кӯдакон дари худро боз намояд. Корҳои таъмирӣ айни замон дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

    Бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии таълимгоҳ дорои 8 синфхона дар мактаби №7-и деҳаи Кибил ба маблағи 420 хазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар деҳаи Қаратош маркази саломатӣ бо тамоми таҷҳизотхо ба маблағи 195 ҳазор сомонӣ дар хизмати халқ қарор гирифт.

    Чойхонаи миллии замонавӣ бо тарҳу услуби меъмории кандакорӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе –Кулоб қомат рост карда истодааст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амонулло Саъдуллоев ба маблағи 1,300 ҳазор сомони сохта шудаистода, дар арафаи анҷомёбист. Барои аҳолии шаҳр ҳамоми хозиразамон ба маблағи 540 ҳазор сомонӣ аз тарафи Неъматулло Файзуллоев ва дар ҳудуди шаҳр маркази савдо ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Шаҳрбону Файзуллоева сохта ба истифода дода мешавад.