Таҷлили ҷашни 50-солагии таъсисёбии шаҳри Норак рӯзи 22 декабри соли 2010

    Ҷашни 50-солагии таъсисёбии шаҳри Норак рӯзи 22 декабр дар сатҳи баланди оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд. Оид ба омодагӣ ва баргузории ин санаи таърихӣ дар тамоми корхонаю муассисаҳои шаҳр, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ вусъат ёфта, дар ин давра зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд.

    Роҳҳои дохилишаҳрӣ таъмир гардида, нишонаҳои роҳ бо тарзи замонавӣ аз нав барқарор карда шуд. Атрофи фаввора ва маркази шаҳр бо фурӯзонакҳои равшанидиҳанда васл карда шуд.

    Сохтмони бинои нотамоми таълимгоҳ дорои 8 синфхона дар мактаби №7-и маҳаллаи Кибил бо маблағи 408 ҳазор сомонӣ, сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Қаратош, таъмири бинои маъмурии Беморхонаи марказӣ ва дармонгоҳ дар арафаи ҷашни 50-солагии шаҳри Норак ба истифода дода шуд. Бахшида ба ҷашни нимасраи шаҳр яке аз кӯчаҳои навбунёд «50- солагии Норак» номгузорӣ карда шуд.

    Корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳр вусъат мегиранд

    Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар собиқ фабрикаи дӯзандагӣ дастгоҳҳои бофандагӣ ва ресандагӣ васл карда шуда, мувофиқи нақша аз 7 сентябри соли 2010 корхона номи «Бофандаи Норак»-ро гирифт ва аз нав ба кор шурӯъ намуд. Барои барқарор намудани фабрикаи номбурда аз ҳисоби Комбинати нассоҷии шаҳри Душанбе ба маблағи 4170 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст. Дар ин корхона айни замон 221 нафар коргарон дар ду баст кор карда истода, дар оянда барои 400 нафар коргар ҷои корӣ муҳайё карда мешавад.

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар даромадгоҳи нақб, ҳамшафати шоҳроҳ ва дохили шаҳр 15 адад пано насб намуда, дар ду ҷониби роҳ 1077 бех арча шинонда, дар ин мавзеъ дар 15 гектар замини санглохи бекорхобида боғ бунёд карда, аз масофаи 5,5 км об оварда шуд. Ҳамчунин дар гирду атрофи нақби Чормағзак ниҳолҳои арча шинонда шуда 2 панои тарғиботӣ насб карда шуд.

    Бо мақсади бунёди биноҳои таълимӣ сохтмони бинои иловагии таълимгоҳ барои 12 синфхона дар мактаби №3 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 998,8 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

   Баҳри омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ сохтмони бинои нуқтаи савдои масолеҳи сохтмонӣ дар деҳаи Дуконӣ ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ сохта шуда, 6 ҷои корӣ муҳайё карда шуд. Ҳамчунин нуқтаи таъмири автомобилҳои сабукрав дар шафати роҳи мошингарди Норак-Кибил ба маблағи 38,0 ҳазор сомонӣ сохта шуда, 4 ҷои корӣ ва нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои нафтӣ ба маблағи 149,1 ҳазор сомонӣ сохта шуда, 5 ҷои корӣ ташкил карда шуд.

    Се адад нуқтаҳои савдо дар шаҳри Норак аз тарафи соҳибкорон ба маблағи умумии 628,7 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода, 20 ҷои корӣ муҳайё намуданд.

 

Дар соли 2010 ба таври илова аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:

    1. Таъмири асосии боғчаи бачагонаи №3 ба маблағи умумии 891,9 ҳазор сомонӣ.

    2. Бинои иловагии таълимгоҳ дорои 8 синфхона ва як ҳуҷра барои омӯзгорон дар мактаби №7-и деҳаи Кибил             ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ.

    3. Бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Қаратош ба маблағи 195 ҳазор сомонӣ.

 

    Бо дастгирии шахсони саховатпеша ва соҳибкорон канали селпартои дарозиаш 750 метр дар деҳаи Кибил сохта шуда, канали селгузари дохилишаҳрӣ ба масофаи 1000 метр барқарор карда шуд.

    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба нақша гирифтааст, ки дар Рӯзи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як чойхонаи миллӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб аз тарафи соҳибкор Саъдуллоев Амонулло ба маблағи 1,300 ҳазор сомонӣ, ҳаммом дар ҳудуди шаҳр аз тарафи шаҳрванд Файзуллоев Неъматулло ба маблағи 540,0 ҳазор сомонӣ, маркази савдо дар дохили шаҳр аз тарафи соҳибкор Файзуллоева Шаҳрбону ба маблағи 220,0 ҳазор сомонӣ, бо муҳайё намудани 40 ҷои корӣ ба истифода диҳад.

    Баҳри рушди соҳаи боғу токпарварӣ, афзун намудани истеҳсоли мева тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар заминҳои таъиноташон кишоварзӣ 4 гектар боғ бунёд, 45 гектар анорбоғ барқарор ва 7 гектар ниҳолпарваришгоҳ бунёд карда шуд.

    Дар давраи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави шаҳри Норак зиҳда аз 30000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонда шуд.

    Дар 6 гектар маҷмааи гармхонаҳои НБО-и Норак дар 4 гектар помидор ва дар ду гектар бодиринги барвақтӣ парвариш карда шуда дар мавсими имсола зиёда аз 60 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол карда шуд.

    Дар назди деҳаи Чашма 2 ҳамшафати шоҳроҳи Душанбе - Кулоб 20 гектар боғҳои анор, гелос ва себ барқарор карда шуда, дар ин мавзеъ 1 гектар боғи нави намунавии ангур бунёд карда шуд. Ҳамчунин дар анорбоғи деҳаи Қаратош ду иншооти фароғатӣ-истироҳатӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони сехи истеҳсоли шарбати анор дар арафаи анҷомёбист.

    Корҳои ободонӣ вусъат ёфта, канале, ки дар деҳаи Дуконӣ солҳои тӯлонӣ бо сабаби зарар ёфтан аз офатҳои табиӣ аз истифода баромада буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин тариқи ҳашар 40 метр қубурҳои обгузар гузаронида шуда, дар масофаи 510 метр заминҳо обёрӣ карда шуд. Ҳамчунин аз деҳаи Даҳана то маҳаллаи Дуконӣ-3 зиёда аз 1км ҷуйборҳо тоза карда шуда, сарҷуйбор дар масофаи 250 метр барқарор карда шуд.

    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз тӯйи суннатии 109 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат ва тӯйи арӯсию домодии 15 ҷуфт оилаҳои ниёзмандро гузаронида, ба 152 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 10000 сомонӣ ёрии яквақта дода шуд.

    Бахшида ба Рӯзи Модар аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба занони фаъол, кӯҳансолон, занони маъюб инчунин, маҳбасхонаи занона ба маблағи 13,9 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.