Рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳри Норак бо иштироки сафири Сафорати Ҷопон Хироюки Имахаши, муовинони раиси шаҳр, сардухтури беморхона ва Васоити ахбори омма ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Баҳри ҷорӣ намудани усулҳои наву замонавии ташхису табобати беморон ва дар доираи татбиқи «Лоиҳаи муҷҷаҳазгардонии беморхонаи шаҳри Норак бо таҷҳизоти тиббӣ» дар асоси созишномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарии Ҳукумати Ҷопон ба шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳр асбобу анҷоми муосири ҷарроҳӣ ба маблағи 105 ҳазор долларӣ амрикоӣ тақдим гардид, ки ин ба ривоҷ додани соҳаи тандурустии шаҳр мусоидат хоҳад кард.