Ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон  дар китобхонаи шаҳрӣ маҳфили адабӣ -фарҳангӣ таҳти  унвони «Артиши миллӣ- сипари боэътимоди Ватан» баргузор шуд. Китобдорон аҳли маҳфилро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, перомуни таъсиси Артиши миллӣ сухан гуфтанд.

 

Ҳамзамон аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии шахр дар васфи Ватан шеърхо қироат гардида, саҳначаю рақсҳои ҷаззоб намоиш дода шуд.