Бо мақсади шинос намудани интихобкунандагон бо мазмуну муҳтавои барномаи  худ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи интихоботии Данғара №36 Қурбонзода Ҳилолӣ Ҷумъахон дар маҳаллаҳои Лангар, Кибил ва Деҳи Сабур бо мардум мулоқот баргузор намуд. Зимни вохӯриҳо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси боэътимоди ӯ ба сухан баромада, интихобкунандагонро бо барномаи пешазинтихоботӣ ва мақсаду мароми хеш ошно намуд.