Рӯзи 16 феврали соли 2011 Раиси шаҳри Норак Сафаров Хайрулло дар Вазорати Тандурустӣ бо сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошиҳиро Накаяма маросими ба тасвиб расонидани созишномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башариро ба имзо расониданд. Мувофиқи созишномаи басташуда Ҳукумати Ҷопон барои беҳтар намудани соҳаи тандурустӣ дар шахри Норак, яъне барои хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ 105,6 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд. Тавассути лоиҳаи мазкур беморхонаи марказии шаҳри Норак бо таҷҳизоти тиббӣ муҷҷаҳазгардонида шуда, имконияти расонидани хизматрасонии босифати тиббиро ба беморон фароҳам мегардонад.

 

    Хизматрасонии хуби тиббӣ ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, таъмини асосҳои ҳуқуқи башар дар соҳаи тандурустиро низ таъмин менамояд. Ин аввалин кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон набуда, аз соли 1996 то инҷониби Ҳукумати Ҷопон 262 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии 18,8 миллион доллари ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудааст.