Мувофиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13 августи соли 2011 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳон Кошонов, узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Шоиддинов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ва раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Ёров Абдулло вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Истиқлолият ва соҳибихтиҳрии давлат баъд аз садсолаҳои зиьди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад. Дар назди мо иҷрои вазифаи бисьр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунҳди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Шахсони дар боло зикршуда аҳли ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда табрик намуда, зимни суханронӣ аз дастовардҳое, ки дар тӯли бист соли истиқлолият мардуми тоҷик ба даст овардааст, қайд намуданд. Дар давраи истиқлолият мо ба дастовардҳои калон соҳиб гаштем, аз ҷумла қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони иншоотҳои бузурги стратегӣ ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Рощун, нақбҳо, роҳҳо ва пулҳо ҷоизи ин гуфтаҳост.