Маориф соҳаест, ки барои бунёди ояндаи тарзи ҳаёти солими миллату давлат замина ва мояи воқеӣ мегузорад.Он яке аз соҳаҳои арзишманду фаъолиятнок буда, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мактабу маориф вобастагии бевосита дорад.

    Аввалин мактаб дар ҳудуди ҳозираи шаҳри Норак соли 1946 сохта шуда буд. Сипас дар деҳаҳои Лангар ва Туткавули кӯҳна мактабҳои ҳафтсола кушода шуданд.

    Аввалин мактаби миёна соли 1963 сохта шуд, ки дар он хонандагон бо ду забон таълим мегирифтанд. Шумораи хонандагони он зиёда аз 300 нафарро ташкил медод. Дар дигар деҳаҳо бошад, мактабҳои ҳаштсола вуҷуд доштанд.

    Пас аз он ки як қатор деҳаҳои ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Орҷоникидзеобод ба шаҳри Норак дохил шуданд, шумораи умумии мактабҳо ба 13-то расид. Аз ҳамин ҳисоб дар шаҳри Норак шӯъбаи маориф таъсис дода шуд, ки сарварии онро шахси кордону ӯҳдабаро Данилова Клавдия Ивановна ба ӯҳда дошт.

    То охири солҳои 60-ум шумораи умумии муаллимону мураббиёни боғчаҳо ба 625 нафар расид. Пойдевори маорифчиёни шаҳри Норак дар ин солҳо муаллимони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ализода, Тарановская Т, Мирзоев А ва аълочиёни маорифи Тоҷикистон Алиев А, Раҷабов Л, Собиров Г, Ҳалимов К собиқадорон Раҳим Каримов, Ермакова М.В, Денисова Л. Н ва дигарон дар баланд бардоштани соҳаи маориф хизмати бебаҳое кардаанд.

    Дар солҳои 70-ум шумораи мактабҳо ба 9-то расид. Дар ин давра 80-85% муаллимон маълумоти олӣ доштанд. Дар қатори муаллимони тоҷикзабон намояндагони миллатҳои гуногунро дидан мумкин буд, ки доир ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, франсавӣ, таълими меҳнат, варзиш ва ғайра дарс мегуфтанд.

    Дар ин солҳо забонҳои хориҷӣ дар кабинетҳои махсуси лингафонӣ хеле хуб омӯзонида мешуданд. Мактабҳо бо ашё, асбобҳои техникию аёнӣ таҷҳизонида мешуданд. Ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ аҳамияти махсус дода мешуд.

    Дар солҳои 80-ум сафи муаллимон бо 900-960 нафар расид. Муаллимони номдори ин давра Ятимов Ёфтак, Зайниддинов Нуриддин, Азизов Мелик, Ғоибов Қудрат, МалаховаТ.Н, Раҳматова Нозиён, Раҳимов Нурмаҳмад, Буриев И., Аҳроров, Нозимов К, Зарилов Ғ, Ғуломов, Ушакова В,Устоев Р. Ғуломов Қамар ва дигарон буданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазои худро гузоштанд.

    Дар пешрафти соҳаи маорифи шаҳр саҳми мудирони маориф Раҳматова Нозиён, Давлатов Шарофиддин, Зайниддинов Вайсиддин, Шамсов Э хеле калон аст.

    Аз рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи инкишофи мактабу маориф диққати хоса медиҳад. Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯ ба ҷониби мактабу маориф оварем.

    Пас аз чунин баҳогузорӣ доир ба пешрафти соҳаи маориф як қатор ҳуҷҷатҳо ба табъ расиданд, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мебошад.

    Аз оғози соли 2000-ум дар шаҳр мактабҳои типи нав, ба монанди гимназияи хусусии ба номи Алӣ Абдулло, литсейи хусусии «Нурбахш» кушода шуданд. Аз соли 2004-ум сар карда компютеркунонии мактабҳо сар шуд.

    Пеш аз ҳама дар ин кор саҳми мудири шӯъбаи маориф Шамсов Эмомиддин хеле калон аст. Дар як муддати кӯтоҳ мактабҳои шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи шаҳр ва корхонаҳои сарпараст соҳиби 38 адад компютер гардиданд. Мактаби № 3 бошад бо шабакаи умумиҷаҳонии «Интернет» пайваст карда шуд.

    Соли хониши 2010-2011 дар тобеияти шӯъбаи маориф 35-муассисаи таълими арзи вуҷуд дорад, ки дар онҳо 11249 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо 621 нафар муаллимон сабақ меомӯзонанд.

    Дар байни ин муаллимон 50 нафар Аълочии Маорифи ҷумҳурӣ ва 72 нафар соҳиби дараҷаи тахассусии олӣ мебошанд. Дар байни онҳо муаллимон ва роҳбарони кордону пуртаҷриба хеле зиёданд. Ба монанди Мадисоев Раҳмон, Ҳайбуллоев Зубайдулло, Парвонаев Сафиалло, Табаров Ориф, Амриддинова Дилбар, Абдуллоев Бобо, Хайруллоева Қурбондавлат, Содиқов Абдуғаффор, Қаюмов Тавакал, Махмадалиев Идилло, Раҳмонов Мирзо, Ятимов А, Гуломов Н, Бобиев Х, Набиев Ф, Хидиров А, Раҳимов Нурмаҳмад, Қурбонбеков Амрихудо, Ширинова Анора, Абдуллоев Нарзулло ва дигарон.

 

Руйхати мудирони шӯъбаи маорифи шаҳри Норак

Р/Т Ному насаб Солҳои мудирӣ
1 Мавлонназаров Амин 1960-1964
2 Данилова К. И. 1964-1968
3 Раҳматова Н. 1968-1975
4 Семёнова 1975-1978
5 Давлатов Ш 1978-1982
6 Зайниддинов Вайсиддин 1982-1989
7 Шамсов Эмомиддин 1989-1993
8 Зайниддинов Вайсиддин 1993-2004
9 Шамсов Эмомиддин 2004-2010
10 Табаров Ориф 2010

 

Маълумот оиди шумораи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Норак дар соли хониши 2010-2011

Ҷамъи муссисаҳои
таълимӣ

Аз он ҷумла
Муассисаҳои
томактабӣ
Мактабҳои
ибтидоӣ
Мактабҳои
асосӣ
Мактабҳои
миёна
Гимназия Литсей МТИ
35 4 7 4 17 1 1 1

 

Рӯйхати директорони мактабҳои шаҳри Норак

р/т № мактаб Ному насаб Соли таваллуд Собиқаи умумӣ Собиқаи директорӣ Мард Зан
1 №1 Юсупова Қумрӣ 14.07.1962 29 5   +
2 №2 Абдуллоев Ҷурахон 24.10.1950 40 15 +  
3 №3 Қосимов Қудратулло 20.03.1965 25 2 +  
4 №4 Содиков Абдугафор 12.02.1961 23 1 +  
5 №5 Мадисоев Раҳмон 15.11.1950 41 22 +  
6 №6 Қурбоназров Карим 18.10.1959 29 4 +  
7 №7 Маҳмадалиев Идило 18.10.1945 43 4 +  
8 №8 Сафарова Аслия 02.04.1967 25 2   +
9 №9 Юнусов Абдулло 20.4.1952 36 1 +  
10 №10 Ҳусейнова Ғалатмо 25.01.1959 33 18   +
11 №11 Раҳмонов Сайфулло 08.11.1947 44 15 +  
12 №12 Одилов Бобишо 10.10.1965 15 6 +  
13 №13 Холиҷов Файзалӣ 20.03.1957 33 10 +  
14 №14 Ҳакимов Кароматулло 25.09.1951 36 3 +  
15 №15 Ҷурахонов Асадулло 03.02.1950 22 13 +  
16 №16 Музофиршоева Гулмоҳ 13.04.1956 33 25   +
17 №17 Шарипов Шамсулло 10.07.1961 28 5 +  
18 №18 Лолаева Бибихол 2103.1966 22 1   +
19 №19 Шарипов Шамсулло 10.07.1961 28 15 +  
20 №20 Саидов Суҳроб 15.01.1973 17 7 +  
21 №21 Кабутов Нуриддин 01.06.1950 41 7 +  
22 №22 Набиев Убайд 07.02.1956 35 7 +  
23 №23 Розиқов Шукур 01.01.1960 32 16 +  
24 №24 Қурбонов Али 20.01.1966 27 13 +  
25 №25 Қосимов Холназар 20.08.1944 48 4 +  
26 №26 Қосимов Ибодулло 21.06.1954 34 19 +  
27 №27 Табарова Гургак 14.07.1961 32 2   +
28 Гим/я Абдуллоев Зайнулло 02.02.1952 42 8 +  
29 Литсей Азимова Мамлакат 18.11.1957 35 6   +
30 МТИ Бобоева Тоҷиниссо 26.11.1958 30 30   +
31 № 83 Ермакова М.В 24.04.1940 45 20   +
    Ҷамъ:       22 9