Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак рӯзи 1.07.2011 дар Кохи фарҳанги шаҳр «Шаби эҷодӣ» - и шоираи хушсалиқа - Муҳаррами Сорбонзод таҳти унвони «Дар ҳарими роз» дар сатҳи баланди адабию фарҳангӣ, ки аз он дӯстдорони назм як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд, баргузор гардид. Аз эҷодиёти шоира то имрӯз китобҳои «Чеҳраи субҳ», «Дурахши ахтарон», «Мазҳаби Имоми Аъзам-мазҳабам», «Тоҷикистон Меҳанам» дастраси дӯстдорони шеър гардида, мухлисони зиёде пайдо кардааст. Дар чорабинӣ шоирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрандеш, Сафармуҳаммад Айюбии Маҳзун, шоираҳо Шаҳрия, Назокат ва Нуқра иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил роҳбарон ва кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр, аҳли илму адабу фарҳанг ва дӯстдорони шеъру суруд ширкат варзиданд.

 

Дар чорабинӣ санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Аюб, Хуршеди Шокир, Ҳанифа Қурбонова, Сангалӣ Мирзоев, Ибодат Раҷабова, сарояндагони ансамбли давлатии «Дарё», «Фалак», «Чаман» ва дигар ҳунармандон иштирок намуда, аз эҷодиёти шоира сурудҳои ҷоззобу дилошӯб сароида, хотири аҳли толорро болида гардониданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз эҷодиёти шоира достони «Файзи истиқлол»-ро, ки дар он дастовардҳои нодири солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди роҳу шоҳроҳҳу нерӯгоҳҳо васф карда шудааст, қироат намуданд.

 

Маҳфил дар фазои озоди фарҳангӣ гузашта, ба аҳли нишаст писанд омад. Ҳозирин аз чорабинии мазкур таассуроти мусбат гирифтанд.