«Нури Норак»  10- сола шуд!

Нашрияи расмии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр- «Нури Норак» дахсола шуд. Ин рўзномаи тозатаъсис 31 январи   соли 2003 бо ташаббусу икдоми собик раиси шахри Норак мухтарам Шарифхон Самиев ба майдони матбуоти точик ворид  гардид. Шумораи якуми ин рўзнома хамон сол бо 500 нусха аз чоп баромад. Вале дар шумораи баъди адади он рафта-рафта то 1500 нусха расида буд.

Рўзномаи шахрии «Нури Норак» 16 январи соли 2003, тахти №600 дар Вазорати фарханги Чумњурии Точикистон ба кайд гирифта шуд.

Эй хонаи нур, нур дар нур бизи,

Аз зулмати чарху ин Замин дур бизи.

Бахшида ба 10-солагии рўзнома рўзи 28 январи соли равон дар толори макомоти ичроияи шахр чамъомади тантанави баргузор гардид.