Соли сеюм аст, ки мо 24 ноябр яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Парчамро дар шароити сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҷашн мегирем.

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Нишон ва Суруди Миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд.

 

Парчами миллӣ рамзи иттифоқ, муаррифгари халқу давлат ва арҷ гузоштан ба гузаштагон буда, ормону орзӯҳои ҳазорсолаи мардумро таҷассум намуда, мояи ифтихору шарафмандии миллат аст.

 

Рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлоб Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

 

Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри барқчиён низ хеле хотирмон гузашт. Ҳамоиши Рӯзи Парчам бо роҳравии идона аз кӯчаи марказӣ аз назди маркази саломатии шаҳр то Қасри фарҳанг бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон оғоз ёфт.

 

Хонандагон бо меҳру садоқати беандоза ва ҳиссиёти баланди меҳандӯстӣ ва ҳифз кардани марзу бум дар зери садои таблу нақора бо ваҳдату ҳамдилӣ Парчамро аз кӯчаҳои марказӣ гузаронданд.

 

Сипас дар Қасри фарҳанг ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ раиси шаҳри Норак Сафаров Хайрулло Амиралиевич оғоз намуда, аз таърихи Парчами миллӣ сухан намуда, ҳозиринро бо ҷашни фархунда табрик намуданд.

 

Тантанаҳои идонаро консерти ҳаваскорони шаҳр дар Қасри фарҳанг идома бахшида, санъатварон барномаи рангоранг ба ҳозирин пешниҳод намуданд, ки писанди ҳамагон гардид.

 

Таҷлили Рӯзи Парчам дар шаҳри Норак хеле хотирмон ва фараҳбахш гузашт.