Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ба шаҳри Норак ва таҳлили фаъолияти сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Кӯлоб сафари хизматии гурӯҳи кории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазир Маҳмадамин Маҳмадаминов аз 5 то 7 июли соли 2011 амалӣ шуд.

 

    Дар мулоқоте, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо фаъолони шаҳри Норак доир намуд, атрофии сиёсати созандаву бунёдкорона, омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили ҳарчи бештари курсҳои касбомӯзӣ, барои занону ҷавонон, таъмини саривақтии нафақаву кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ташкили босамари муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ фикру андешаронӣ сурат гирифт. Масъулин бобати иҷрои саривақтии дастуру нишондодҳои Президенти мамлакат дар ин самт нақшаву чорабиниҳои муштараки мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои вазоратро матраҳ намуданд. Тибқи он аз ҳисоби маблағҳои вазорат дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2012 дар шаҳри Норак филиалҳои марказҳои таълими модулӣ ва калонсолону ҷавонон бо тамоми таҷҳизотҳояш кушода мешавад. Инчунин зикр гардид, ки ҷашни Наврӯзи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар шаҳри бостонии Норак таҷлил мегардад.