Бахши сабти ҳолати шаҳрванди ҳолати шаҳрвандони шаҳри Норак дар асоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил ёфта, бевосита ба мақомоти иҷроияи давлатии шаҳр итоат мекунад.

Бахши САҲШ дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Хатлон ва низомномаи бахшро бба роҳбарӣ гирифта, тартиби дурусти қонунгӯзориро аз тарафи мақомоти бахши асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот таъмин менамояд.

Вазифаҳои асосии бахши САҲШ аз инҳо иборат аст:

-таъмини саривақтӣ, пурра ва дурусти бақайдгирии давлатии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

-такмил додани фаъолияти ҷамоати деҳот;

-ривоҷ додани корҳои ташкилӣ оид ба танзими маросимҳо ва расму оинҳои нав ҳангоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуд ва никоҳ

-анҷом додани назорат аз болои фаъолияти ҷамоати деҳот, ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани амалҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ

-ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъба ва ҷамоатҳои деҳот ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои ба зимма гузоштаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахши САҲШ 8 намуди амалиётҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла сабтҳои таваллуд, вафот, никоҳ, бекор кардани никоҳ, муқаррар кардани падарӣ, барқарор намудани сабти таваллуд, вафот, иваз намудани фамилия, ном ва номи падариро иҷро менамояд. Ҷамоатҳо бошанд 4 намуд: сабтҳои таваллуд, вафот, никоҳ ва муаяйн кардани падарӣ.

Ҳар сол ба ҳисоби миёна дар бахш 1700 нафар навзод ба қайд гирифта шуда, ақди никоҳи 700 ҷуфт навхонадорон сабт мегардад.

Дар се моҳи соли 2011 432 сабти таваллуди кӯдакони то яксола, 57 сабти вафот, 155 сабти ақди никоҳ, 22 сабти бекор кардани никоҳ, 48 сабти барқарор  кардани таваллуд, 2 сабти барқарор кардани вафот, 47 сабти ивази фамилия, ном ва номи падар ба қайд гирифта шудааст.

Ислоҳот ва илова дар сабти таваллуди шаҳрвандон 39 ададро ташкил додааст.

Бахш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо", "Барномаи тадбиқи консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015"-ро сармашқи кори худ намуда, доир ба онҳо бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Дар назди бахш маҳфили "Оилаи ҷавон" амал мекунад. Дар машваратҳои ин маҳфил дар қатори оилаҳои ҷавон оилаҳои намунаи шаҳр даъват шуда аз мактаби ҳаёти худ ба оилаҳои ҷавон панди зиндагӣ меомӯзанд.