Санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба 21-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони  ҷангу  меҳнат, роҳбарони  мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо, раисони  ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангин, фаъолон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

         Нахуст муовини якуми раиси шаҳр Асоев Дилшод Алимуродович иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, вобаста ба нақши Конститутсия дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

 

Сипас аз ҷониби кормандони бахши фарҳанг ва сарояндаи шинохтаи ҷумҳурӣ Иброҳими Исмоилзод барномаи рангини фарҳангии саршори меҳру муҳаббат ба Ватан, тараннуми ваҳдату ягонагӣ  ба ҳозирон пешкаш гардонида шуд.