Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи эълон намудани соли 2015 - «Соли оила»», баланд  бардоштани  маърифати  оиладорӣ  ва  пешгирии  вайроншавии оилаҳои  ҷавон  санаи  22 октябри  соли ҷорӣ дар  Ҷамоати деҳоти Дўконӣ  бо  иштироки  кормандони  мақомоти иҷроия, фаъолон, оилаҳои намунавӣ, шахсони рўзгордида, толибилмони муассисаҳои таълимӣ чорабинии  маърифатӣ-фарҳангӣ дар доираи озмуни «Солномаи  оила»  таҳти  унвони  «Оила- ниҳоди боэътимод ва муқаддас»  баргузор гардид.

         Дар маҳфил аз ҷониби ҳунармандони ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангин  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ, аз  қабили гулдўзию  сўзанӣ, қароқдўзию  қолинбофӣ, бофандагию дўзандагӣ, навъҳои хўрокҳои миллӣ ва нонҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.