Рӯзи 26 декабри соли 2011 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак машварати васеъ доир гардид. Дар он тамоми намояндагони корхонаю муассисаҳо, роҳбарон ва занону ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

 

Ҳадаф аз ин ҷамъомад ташкил намудани Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон- созандагони Ватан буда, чунин бахш дар шаҳри Норак таъсис ёфта дар он раис, ду нафар муовин ва 21 нафар ба аъзогӣ қабул карда шуданд.

 

Фаъолияти бахш, ғояҳои асосии он аз ҳадафҳою барномаҳои ҲХДТ иборат буда, барои баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон инчунин ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ мебошад.