Имрӯзҳо Ватани маҳбуби мо 20-умин баҳори Истиқлолияти худро таҷлил намуда, ормону орзуҳои мардуми шарафманди тоҷик амалӣ гардида, дар тамоми ҷумҳурӣ маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба ин санаи муборак баргузор гардида истодаанд.

 

Рӯзи 05.09.2011 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки зиёда аз 300 нафар фаъолони шаҳр баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ раиси шаҳри Норак Сафаров Хайрулло Амиралиевич оғоз намуда, оид ба дастовардҳои шаҳр дар замони Истиқлолият сухан намуда, ҳозиринро бо ҷашни фархунда табрик намуданд.

 

Сипас бо қарори раиси шаҳри Норак аз 02.09.2011 №368 бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ, чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ 150 нафар, аз ҷумла собиқ раисони шаҳр, муовинони раисони шаҳр ва роҳбарони дастгоҳ, фаъолони корхонаю муассисаҳо, ки дар солҳои соҳибистиқлоли ба халқу кишвар хизматҳои арзанда намудаанд, бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Ҳамчунин, аз ҷониби раиси Комиҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда 10 нафар беҳтарин аъзоёни ҳизб бо ифтихорнома ва 15 нафар барои хизматҳои шоёнашон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №440 генерал полковник Шералӣ Хайруллоев 10 нафар бо Медали ҷашнии 15-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.