Дастпарвари мактаби варзишии шаҳр Сайфов Суярбек Гурезович  санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  аз  рўйи  намуди «Муҳорибаи тан ба тан» дар вазни  84  килограмм  бо ду рақиб аз вилояти Суғд ба муҳориба  баромада, рақибонро дар раунди аввали мусобиқа дар давоми 31 сония аз пой афтонда, ғолиб ва сазовори ҷойи ифтихории аввал гардид.

 

Барои ишғол намудани ҷойи аввал Суярбек сазовори  медали тилло, Ифтихонома ва камарбанди сиёҳ  гардид.