Рўзи 22 декабр толори Қасри фарҳанг идона оро дода шуда, бахшида ба Рўзи касбии кормандони соҳаи энергетикаи тоҷик ҷамъомади идона баргузор гардид. Сараввал раиси шаҳр Фатҳулло Ҳурматзода аҳли нишаст, бахусус кормандони неругоҳҳоро табрик намуда, бо қарори дахлдори раиси шаҳр 12 нафар фаъолони шаҳр, аз ҷумла неругоҳҳои Нораку Бойғозӣ бо ифтихорномаи мақомоти иҷроия шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

         Сипас барномаи рангини санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр намоиш дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намоишҳомаи «Лаҳзае бо аллома», ки аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии Данғара ба муносибати 700-олагии Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ омода гардидааст, ба ҳозирон пешкаш карда  шуд.