Дар шаҳри Норак 1 сохтори госпиталӣ, 1 маркази саломатӣ, 3 маркази саломатии деҳотӣ, 1 нуқтаи тиббӣ, 12 бунгоҳи саломатӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 маркази ташаккули тарзи ҳаҳти солим, 1 маркази эмтаъминкунӣ,ва 1 маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, хизмати тиббӣ расонида мешавад.

    Муассисаҳои тандурустии шаҳр асосан за се кисм Сохтори госпиталӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иборат буда 64 нафар духтурон ва 292 нафар ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд.

    Сохтори госпиталии шаҳри Норак дар кӯчаи Яҳё Мирфозилов 1-а ҷойгир буда масофаи 6 гектарро ташкил медиҳад, аз 10 шӯъбаи муолиҷавӣ иборат буда дорои 221 кат мебошад. Айни ҳол аз ҷониби 18 нафар духтури илми олидор ва 122 нафар ҳамшираҳои шавқат ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

    Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар даромадгоҳи сохтори госпиталӣ дар бинои 1 ошёна ҷойгир буда дорои 8 ҳуҷра, 4 мошини ёрии таъҷилӣ буда, бо системаи алоқаи мутамарказонида (ратсияҳо) таъмин карда шудааст.

    Шӯъбаи қабулгоҳ-Дар ошёнаи якуми беморхонаи маркази ҷойгир буда аз ду ҳуҷра иборат мебошад. Дорои дастгоҳҳои тибби 1 адад дастгоҳи сабти барқии дил, 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ. 2 адад тарозу, 1 адад отсос.

    Шӯъбаи амрози даруна дар ошёнаи 1 ва 2-юми бинои асосии сохтор ҷойгир буда дорои 40 кат мебошад. Аз инҳо 10 кат барои беморони асаб, 10 кат барои беморони дил ва 20 кати умумӣ. Дар шӯъба 3 духтур ва 10 ҳамшираи шавқат фаъолият карда истодаанд.

    Шӯъбаи ҷарроҳӣ дар ошёнаи 3-юми бино ҷойгир буда аз 3 қисм иборат аст, қисми 1-ум ҷарроҳии пок, қисми 2 ҷарроҳии римнок, қисми 3 толори ҷарроҳи. Аз 40 кати умумишифои иборат аст. Аз инҳо 25 кат ҷарроҳии калонсолон, 5 кат ҷарроҳии кӯдакона ва 10 кати осебшиносӣ. Дар шӯъба 1 духтури илми олидор ва 4 духтури бо тариқи дар ду ҷои кори, ва 12 ҳамшираи шавқат фаъолият карда истодаанд.

    Шӯъбаи эҳё ва мадҳушкунӣ дар ошёнаи 1 бинои асосӣ ҷойгир мебошад. Аз 7 ҳуҷра ва 6 кат иборат мебошад. Аз инҳо 3 кат барои калонсолон ва 3 кат барои кӯдакон. 1 духтур ва 8 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.

    Шӯъбаи касалиҳои кӯдакона дар ошёнаи 1-уми бино ҷойгир буда аз 5 ҳуҷра ва 15 кат иборат мебошад. 1 духтури илми олидор ва 3 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.

    Шӯъбаи таваллудхона ва касалиҳои занона дар ошёнаи 2 ва 3-юми бинои асосии сохтори госпиталӣ ҷойгир буда аз 35 кат иборат мебошад. Шӯъба аз 3 қисм иборат мебошад. 1 зоишгоҳ, 2 шӯъбаи баъди зоиш, 3 шӯъбаи занона. Дар шӯъба 3 духтури занона ва 14 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунад.

    Шӯъбаи касалиҳои сироятии калонсолон дар бинои 1 ошёна ҷойгир буда дорои 5 ҳуҷра ва 5 бокс аз 25 кат иборат мебошад. Як нафар духтури илми олидор ва 8 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунад.

    Шӯъбаи касалиҳои сироятии кӯдакона дар бинои 1 ошёна ҷойгир буда аз 6 ҳуҷра ва 2 бокс, 25 кат иборат мебошад. Дар шӯъба 1 духтури илми олидор ва 16 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.

    Шӯъбаи равонпизишки ва наркологӣ дар бинои ду ошёна ҷойгир буда дорои 35 кат мебошад. 30 кат барои беморони рӯҳи ва 5 кат барои беморони наркологӣ. Дар шӯъба 1 духтур ва 9 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.

    Шӯъбаи муоинаи тиббӣ Дар шӯъба 1 нафар духтур ва 9 нафар ҳамшираҳои шавқат фаъолият карда истодаанд.

    Ҳуҷраи ташхиси нурҳои рентгенӣ Дар ҳуҷра 1 духтур ва 1 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунад.

    Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак аз 1 маркази саломатии шаҳрӣ, 3- маркази саломатии деҳотӣ ва аз 12- бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ иборат буда ба 51552 аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонадӯ

    -Маркази саломатии шаҳрӣ дар бинои ду ошёна ҷойгир мебошад. ба 16754 аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонад, марказ дорои 2-шӯъба ва 5-марказ мебошад аз онҷумла:

    -шӯъбаи ҷарроҳӣ- дар ошёнаи дуюми маркази саломатӣ ҷойгир буда дорои 6 ҳуҷра мебошад. Дар шӯъба 1 духтури маълумоти олидор, 3 ҳамшираи шавқат ва 2 корманди хурди тиббӣ фаъолият мекунанд.

    -шӯъбаи даҳонпизишкӣ-дар ошёнаи дуюми маркази саломатӣ ҷойгир буда аз 5 ҳуҷра иборат мебошад. Дар шӯъба 3 духтури маълумоташон олидор, 3 духтури интерна, 3-ҳамшираи шавқат ва 2 корманди хурди тиббӣ фаъолият карда истодаанд.

    -Маркази амбулаторияи тибби оилавӣ-дар ошёнаи якуми бинои маркази саломатӣ ҷойгир буда, марказ аз 8 ҳуҷра иборат мебошад. Дар марказ 6 духтурони маълумоти олидор, 3 духтури интерна, 33 ҳамшираи шавқат ва 4 кормандони хурди тиббӣ кор ва фаъолият доранд, ки 16657 аҳолии шаҳр хизмати тиббию санитарӣ расонида истодаанд.

    -Маркази солимии репродуктивӣ. Марказ дар ошёнаи дуюми бинои маркази саломатӣ ҷойгир буда аз 6 ҳуҷра иборат мебошад. Дар марказ 1- духтур, 4 – момадоя, 2- корманди хурди тиббӣ кор ва фаъолият мекунанд.

    -Маркази саломатии деҳотии Лангар - аҳолиаш 3292 Дар марказ 5 ҳамшираи шавқат маълумоташон миёнаи махсус ва 5 кормандони хурди тиббӣ фаъолият мекунанд, марказ аз 1- бунгоҳи саломатӣ иборат аст:

    -Маркази саломатии деҳотии Дуконӣ- Аҳолиаш 2759 Дар марказ 11 ҳамшираи шавқат ва 6 кормандони хурди тиббӣ ба аҳолии деҳот хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, марказ аз 7- бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ иборат мебошад:

    -Маркази саломатии деҳотии Тутқавул- аҳолиаш 5300 Дар марказ 2 духтур, 13 ҳамшираи шавқат ва 5 кормандони хурди тиббӣ ба аҳолии деҳот хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, марказ аз 4 бунгоҳҳои саломатӣ иборат аст:

    -Нуқтаи тиббии Братский Дар нуқтаи тиббӣ 4 ҳамшираи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ фаъолият мекунанд

    -Маркази Эмтаъминкунӣ дар ошёнаи дуюми бинои маркази саломатӣ ҷойгир аст. Марказ аз 2 ҳуҷра иборат буда, дар марказ 1 духтур ва 2 ҳамшираи шавқат фаъолият карда истодаанд.

    -Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил дар ошёнаи якуми бинои маркази саломати ҷойгир аст. Марказ аз 2 ҳуҷра иборат буда, дар марказ 1 духтур ва 2 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.

    -Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим- дар бинои як ошёнаи сохтори госпиталӣ ҷойгир мебошад, дорои 1 ҳуҷра буда, дар марказ 1 духтур ва 1 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунад.

    -Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона-дар шӯъбаи касалиҳои сироятии кӯдаконаи сохтори госпитали ҷойгир буда дорои 2 ҳуҷра мебошад. Дар ҳуҷра як духтур ва 2 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.

    -Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шахр -дар қабати беморхонаи марказии шаҳри дар бинои ду ошёна ҷойгир мебошад. Дар марказ 4 духтур ва 14 ҳамшираи шавқат фаъолият мекунанд.