19 феврал бо иштироки раиси шаҳр, кормандони мақомоти иҷроия, корхонаю муассисаҳо, собиқадорон, аскарону афсарони қисмҳои низомӣ ва падару модарон ба истиқболи солгарди 22-юм аз таъсиси Ќувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Ҷамъомади тантанавӣ дар Қасри фарҳанг ҷараён гирифт. Сарваввал ҳозиронро раиси шаҳр, комиссари Комиссариати ҳарбӣ ва намояндаи қисми ҳарбии Федератсияи Руссия дар шаҳр табрику таҳният гуфта, 6 нафар фаъолони шаҳр бо ифтихорномаи мақомоти иҷроия қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас консерти идонаи ҳунармандони бахши фарҳанг пешкаши тамошобинон гардонида шуд.